Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти иртиботи ҳавоии Тоҷикистону Узбакистон


Фирӯз Ҳамроев, муовини раиси Ширкати «ТоҷикЭйр» гуфт, адами масири ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ширкатҳои ҳавонавардии ин кишварҳо марбут набуда онро танҳо ҳукуматҳо ҳал хоҳанд кард.


Ӯ гуфт, Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар навбати худ омодааст, ба ҳама шаҳрҳои Ӯзбакистон иртиботи ҳавоӣ барқарор кунад. Ҷаноби Ҳамроев гуфт, дубора фаъол сохтани парвозҳо ба шаҳрҳои Ӯзбакистон барои ширкатҳои ҳавоии ҳарду кишвар муфид хоҳад буд. Зеро мусофирин ва ниёзмандони ин парвозҳо аз ҳарду кишвар барои тамоми фаслҳои сол хеле зиёданд.


Иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонпас аз фурӯпошии шӯравӣ ва оғози ҷангҳои дохилӣ дар Тоҷикистон қатъ гардид. Қаблан, миёни шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кулоб ва Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Ӯзбакистон ба таври ҳамеша иртиботи ҳавоӣ вуҷуд дошт.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG