Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акбари Саттор: "Иттифоқи журналистон эҳё мешавад"


раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мусоҳибаи Абдулқаюми Қаюмзод бо Акбари Саттор

- Аз замони баргузории анҷумани ахири Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва интихоби Шумо ба ҳайси раиси ин созмон бештар аз ним сол сипарӣ мешавад. Оё дар ин муддат чӣ тағйироте дар ин созмон сурат гирифт ва кадом корҳое ба анҷом расонида шуданд?

-Инак ҳафт моҳ мешавад, ки банда ба ҳайси раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъолият дорам. Тӯли моҳҳои сипаригашта Иттифоқи журналистон тавонист бисёре аз масоили мубраме, ки ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон марбут буд, ҳаллу фасл намояд. Аз ҷумла, дар давраи аввали баъд аз интихоб шудан мо тамоми масоили ҳуқуқии миёни ИЖТ ва вазорати адлияи кишварро бартараф сохта Иттифоқи журналистонро аз нав сабти ном кардем. Баъди сабти номи ИЖТ мо эълом доштем, ки тамоми рӯзноманигороне, ки дар қайди ИЖ буданд ё узви ин созмон буданд аз сари нав аз қайд гузаранд. Ин тадбир ба хотири тоза кардани сафи ИЖ аз одамони тасодуфӣ , ки ба рӯзноманигорӣ ё ин ки ба васоити ахбори умум алоқамандие надоранду ба ҳар роҳу восита соҳиби корт ё шаҳодатномаи ИЖТ шудаанд. Мо дидем, ки ҳатто рӯйхати аъзои Иттифоқи журналистон мавҷуд нест. Бинобар ин вақте эълони мо дар рӯзномаҳо ба табъ расид , шахсони зиёде омаданд ва аз қайд гузаштанд ва мо фаҳмидем, ки киҳо ҳастанд аъзои ИЖ. Имрӯз ман метавонам бигӯям, ки бештар аз ҳазор нафар аз қайд гузаштанд ва тақрибан сад нафар ба узвияти Иттифоқ пазируфта шуданд. Дар шароити имрӯза, ки ба ин техноложии муосир низ шароит фароҳам овардааст, мо сайти интернетии Ижро роҳандозӣ карда истодаем. Алъон пуррасозии саҳифаҳои он идома дорад. Ин ҳам коре буд, ки мо то кунун анҷом додаем.

-Албата хеле хуб аст, ки сайти интернетии Шумо ҳарчӣ зудтар фаъол шавад. Аммо оё андешаи фаъолсозии нашрияи «Сухан», органи чопии Иттиҳодияро низ дар нақша доред?

- Ман фикр мекунам, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон шарт нест, ки Иттиҳодияи Журналистон рӯзнома дошта бошад. Яъне як маҷалла, ки битавонад масоил ва мушкилоти матбуотро дар як моҳ ба баррасӣ бигирад, кофист. Ва роҳандозии чопи як маҷалларо дар нақша дорем.

- Дар мавриди ҷоизаи ИЖТ чӣ гуфта метавонед? Ҳамон ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ, ки барои беҳтарин мавод ва кори журналистӣ дода мешуд. Оё дар ин бора низ кадом дигаргуниҳое ҳаст?

-Ҷоизаи бо номи устод Абулқосим Лоҳутӣ баландтарин ҷоизаи ИЖ аст. Ва дар ин самт ИЖ моҳи октябри соли гузашта ҷаласаи мушовара доир кард ва раёсат Комиссияи ҷоизаи Лоҳутиро таъсис дод, ки ба он журналисти шинохта Умари Шерхон сарварӣ доранд. Ва ҳамчунин бо овоздиҳии кушоди аъзои ин комиссия муаяйн гардид, ки алъон ин комиссия кор карда истодааст ва эълонҳои комиссия дар матбуоти даврӣ чоп шуд. Ва журналистон метавонанд барои дарёфти ин ҷоиза асноди худро пешниҳод кунанд.

-Дар анҷумани қаблии Иттифоқи Журналистон оинномаи ҷадид ба тасвиб расида буд, ки дар асоси он раис ба муддати даҳ сол интихоб карда мешуд. Оё дар ин бора низ кадом тағйироте ба вуҷуд омадааст?

- Бале, дар ин замина дигаргунӣ ҳаст. Мӯҳлате, ки қаблан буд, яъне интихоби раис барои панҷ сол барқарор карда шуд дар ойиннома. Ва ҳамзамон он нукта, ки раис набояд дар ягон ҷойи дигар кор кунад, бояд озод бошад, аз ойинома ихроҷ карда шуд.

-Баъд аз он ки Шумо раиси ИЖ интихоб шудед, оё ягон маротиба қазияи нашрияҳое, ки бар чопашон мушкилиҳо пеш омадааст:- Рӯзи нав, Нерӯи Сухан ва Оламу Одамро бо масъулин матраҳ кардед , то онҳо низ имкони чопро ба даст оваранд?

-Раис ва раёсати нав, ки ҳамагӣ ҳафт моҳ мешавад аз оғози фаъолияти онҳо бештар ба масоил ва мушкилоти ташкилӣ банд буданд. Асосан мо ҳоло ба корҳои ташкилии ин созмон ва мартабаи онро як каме боло бурдан ва дар ҷомиа ҷойи худамонро ёфтан талош карда истодаем то ки бо ҳам ҳам сари сӯҳбат бинишинанд. Бовар кунед, ки ҳозир ба одами бехона ки ҳеҷ кас сӯҳбат ҳам намекунад. Иттифоқи журналистон ҳам ҳамин хел як вазъи бисёр ногувор дорад.Чунки аз лиҳози маблағ ИЖТ бисёр ҳам дар ҳолати табоҳ қарор дорад. Аз ин хотир тӯли ин шаш ҳафт моҳ асосан ба масъалаҳои ташкилӣ ба масъалаҳое, ки ба самтҳои асосии кору фаъолияти ИЖТ марбут аст ба инҳо машғул будем. Аз ин хотир дар нақша ҳаст, ки нисбати он рӯзномаҳо проблемаи он рӯзнома ва ҳафтаномаҳое, ки дар гузашта бо ҳукумати вақт баъзе мушкилот доштанд, барои чопашон мушкилиҳо пеш омада буд, ин масъаларо мо ҳатман шояд дар арафаи иди матбуот баррасӣ кунем. На танҳо як «Рӯзи нав», балки дар маҷмӯъ ҳамаи он нашрияҳое, ки бо ҳукумати вақт мушкилот доранд, нофаҳмиҳо доранд, ҳам бо раёсати он рӯзномаҳо ва ҳам бо масъулини ҳукумати Тоҷикистон сари ин мавзӯъ сӯҳбат намоем ва фаҳмем, ки мушкилот дар чӣ аст? Ва барои чӣ ҳамин рӯзномаҳо наметавонад фаъолият дошта бошанд?

- Дар ҳамин росто як саволи дигарро метавон матраҳ кард, ки ба чопи нашрияҳои «Комсомолская правда» ва «АиФ»-и чопи Русия тааллуқ доранд. Ва бархурд ва муносибот ба чопи ин нашрияҳо мухталифанд. Аз ҷумла то ҷое шунидем шумо низ аз мухолифини нашри онҳо дар Тоҷикистон будаед. Ва ин дуруст аст, ки Шумо ҳам намехоҳед, ки ин нашрияҳо дар Душанбе чоп шаванд?

- Агар гап сари Акбари Саттор ҳамчун раиси ИЖТ ва раиси кулли ҷамъияти матбуотии «Чархи гардун» равад, ман дар асл мухолифи чопи иттилоти воқеӣ ман ягон вақт ихтилофот надоштам ва мухолиф ҳам нестам. Ин гапҳо аслан дурӯғ ҳастанд ва бепоя. Ман ҳамеша ҷоибдори онам, ки нашрияҳои нав ба нав дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон пайдо шаванд. Вақте матбуот зиёд шуд, бозор тақозо мекунад, ки сифати ин рӯзномаҳо беҳтар гарданд ва ҳаққулзаҳмати зиёд гардад. Зеро вақте рақобат, ки ба вуҷуд омад, ин кор ҳатман мешавад. Аз ин хотир, нашр шудани рӯзномаҳои «Комсомолская правда» ва «Аргументи и факти» дар Тоҷикистон бар он шаҳодат медиҳад, ки майдони матбуоти мо боз аст ва барои матбуоти тоҷик фоида ҳам дорад. Чопи ин рӯзномаҳо, ки аз нигоҳи касбӣ хеле дар сатҳи баланд қарор доранд, боиси такон додани матбуоти тоҷикӣ хоҳад шуд. Зеро, ки имрӯз сифати матбуоти имрӯзи мо дар сатҳи паст қарор дорад:- чӣ аз нигоҳи мӯҳтаво ва чӣ аз нигоҳи таҳлили мавзӯъ. Ин рӯзномаҳо қаблан ҳам буданд ва ба фурӯш низ гузошта мешуданд. Имрӯз бевосита дар шароити Тоҷикистон ва бо нархҳое, ки нашрияҳои тоҷикӣ фурӯхта мешаванд пайдо шуданд, ин аллакай аз рақобати рӯбарӯ шаҳодат медиҳад. Рақобати озод сар шуд. Аз ин хотир ҳам рӯзномаҳои мо кӯшиш хоҳанд кард, ногузир хоҳанд буд, ки сатҳи таҳлил ва мӯҳтавои матолибро баланд бардоранд.

-Дар матбуоти имрӯзи Тоҷикистон ба андешаи коршиносон матолиби интиқодӣ, ки фаъолияти ин ё он ниҳод ва нафари масъулро ба баррасӣ бигирад, қариб, ки ба мушоҳида намерасидааст. Ба назари шумо, иллат дар чист:- оё ҷуръат намерасад, оё хабарнигор иттилоъи кифӣ дар даст надорад ва ё муассис ва сардабир имкон намедиҳад?

- Ин ҷо омилҳо зиёданд. Ин пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ иртибот мегирад, ки худсонсурӣ ва як тарси даруниро дар хабарнигорон боқӣ гузоштааст. Ғайри ин худи шароити имрӯза аз нигоҳи нарасидани кадрҳо ё кормандони бақуввате, ки дар ин арса фаъолият доранд, худи харидории рӯзномаҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад. Ман мухолифи ин назарам, ки дар матбуот умуман матолиби интиқодӣ нашр намешуда бошад. Бубинед, дар рӯзномаҳои «Азия плюс», «Вечерний Душанбе», «Тоҷикистон», «Миллат», инак ҳоло «Нигоҳ» ва «Фараж» чоп шуда истодааст , ки бисёр матолиби интиқодӣ чоп мешаванд, ки аз нигоҳи журналистика бад нестанд. Яъне, оҳиста оҳиста боло рафта истодааст. Ва худи рақобат ҳам ҳаминро талаб мекунад, ки нашрия хонандаи худро биёбад. Вақте рӯзноманигори тоҷик маоши хуб намегирад, вай маҷбур мешавад, як чизе бинавасад ва оварда супорад, бидуни таҳлил ва баррасии амиқ. Он чизеро, ки ҳаст, менависаду месупорад. Мушкили дигар, ки онро метавон мушкили асосӣ ном бурд, набудани умури паҳнкунии рӯзнома дар Тоҷикистон аст. Ҳозир он чанд кампир ва он солмандоне, ки ба воситаи онҳо, ки мо онҳоро паҳнкунандагони ҷамъиятӣ мегӯем, нашрияҳо паҳн мешаванд, ҳозир муассис ва соҳибони рӯзномаҳо пурра мӯҳтоҷи онҳо ва вобастаи онҳо ҳастанд. Тасаввур кунед, ки ҳафтае як ё ду нафар аз ин одамон, ки ҳамагӣ солхӯрда ва ба истилоҳ пенсионер ҳастанд ,бемор шаванд ва ин иттифоқот ҳамеша рух медиҳад то 2-3 ҳазор нусха рӯзномаҳо дар идораҳои ин рӯзномаҳо боқӣ мемонад.

- Дар замони Леонид Илич Брежнев корт ё шаҳодатномаи узви Иттифоқи нависандагони СССР тағйир дода шуда ва рақами аввали он ба ӯ тақдим гардид. Ва ӯ нависандаи рақами аввали СССР эълон шуд. Мегӯянд, ки Акбари Саттор ҳам шаҳодатномаи рақами аввали ИЖ Тоҷикистонро бо имзои худ ба худ ихтисос додааст. Оё ин дуруст , ки шумо ин кори Брежневро такрор кардаед?

- Шаҳодатномаи рақами як воқиан дар дасти ман ҳаст (механдад). Аммо ин як чизи тартибӣ аст. Ба ин хотир ҳам мо дар шаҳодатнома як дигаргунӣ ворид карда замони узвияти нафарро ба ИЖ ҳатман нишон додаем. Метавонистем, ки ба ягон одами солхӯрда диҳем. Лекин вақте дар раёсат ин гап шуд ва мо вақте шаҳодатномаро омода сохтем, шаҳодатномаи рақами аввал на бо имзои ман балки бо имзои муовини раиси ИЖ Тоҷикистон ба Акбар Саттор дода шудааст.

- Узви ИЖ будан барои як журналист ва як хабарнигор чӣ аҳамият дорад?

- Бисёриҳо ба ман ин суолро медиҳанд, ки агар узви Иттиҳод шавем чӣ фоида ё чӣ имтиёзе дошта метавонем. Ва касе андеша ҳам намекунад, ки ба Иттиҳод чӣ хоҳад дод. Бо он ки ҳаққулузвияти Иттифоқро мо чун пешина як сомонӣ нигаҳ доштаем. Узви Иттифоқи Журналистон будан ин як навъ эътирофи касбият мебошад. Яъне, ки мо ҳар касро ба узвият қабул мекунем. Аз ҷониби дигар мо дар нақша дорем, ки барои равнақи фаъолият ва боло бурдани савияи касбии узви Иттифоқ мусоидат намоем. Ба ҳар навъ нақшаҳо зиёданд. Ва мо талош хоҳем кард ба тадриҷ ин нақшаҳоро амалӣ созем. Мо агар воқиан як Иттифоқи муташаккил ва сарҷамъ дошта бошем, метавонем ҳатто ширкатҳои сохтмонӣ дар назди ин Иттифоқ дошта бошем. Мо дар воқеъ қудрати бузурге ҳастем агар сарҷамъ ва муташаккил бошем.

Вобаста

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG