Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шумори мизоҷони "ТоҷикЭйр"


Мизони интиқоли мусофирин тавассути роҳи ҳавоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2006 нисбат ба соли 2005 коҳиш ёфтааст.


Фирӯз Ҳамроев, муовини раиси ширкати «ТоҷикЭйр» гуфт, дар муқоиса бо соли 2005 ҳудуди 25 дар сад мусофирон интиқол дода шудаанд. Ба эътиқоди муовини раиси ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон, иллати аслии коҳиши мизони интиқоли мусофирин ба бозори мусофирбарӣ ворид шудани ширкатҳои мухталифи русист. Ҳамин манбаъ анҷоми парвозҳои дохилиро як самти зиёнбори ширкати ҳавопаймоӣ арзёбӣ карда гуфт, дар соли гузашта ба маблағи як миллиону дусадҳазор сомонӣ аз ин парвозҳо зарар ворид шудааст.


Масъулини ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон таъкид карданд, ки баъди анҷоми тармим ва бозсозии хатти парвози фурӯдгоҳи Душанбе он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шудааст. Вале барои комилан бозсозӣ кардани фурӯдгоҳи мазкур ин ширкат ба ҳаҷми 70 миллион евро кӯмак ниёз дорад.


Фирӯз Ҳамроев, муовини раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфт, ки моҳи оянда як адад тайёраи мусофирбари ТУ -154 ба далели анҷоми мӯҳлати истифодааш аз масир ихроҷ хоҳад шуд, вале масъалаи харидории тайёраҳои мусофирбарӣ хориҷӣ ҳамоно ҳал ношуда боқӣ мондааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG