Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Тоҷикистон барои пазироии муҳоҷирини кории худ дар Русия


Ҳукумати Тоҷикистон аз давлати Русия дархост кардааст, ки 800 ҳазор ҷойи корӣ барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон ихтисос бидиҳад. Дар маҷмӯъ мақомоти Русия гуфтаанд омодаанд шаш миллион нафар муҳоҷири кориро дар соли 2007 пазироӣ кунанд.



Шукурҷон Зуҳуров вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб афзуд: «Дар ин бора мактуби сарвазири Тоҷикистон ба унвони сарвазири Русия Михаил Фрадков фиристода шуд, ки мо 800 ҳазор квота пурсидем.»


Тибқи тасмимоти ахири мақомоти Русия шуруъ аз 15 январ то 1 апрел муҳоҷирини корӣ ба тадриҷ аз кор дар марказҳои савдо ва бозорҳои ин кишвар хориҷ мешаванд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ба маълумоте, ки вазорати кори Тоҷикистон дар ихтиёр дорад то 25 дарсади муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар бозорҳо ва марказҳои савдо машғули фаъолият ҳастанд ва қавонини ахири Русия шомили ҳоли онҳо низ хоҳад шуд.


Вазири кори Тоҷикистон афзуд бино ба ахбори расмӣ ҳудуди чаҳорсад то панҷсад ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ ба сар мебарад. Аммо гуфт у табиист, ки ин рақам дар мавсиҳои хос бештар ва то 800 ҳазор нафар афзоиш меёбад.



Вазири кори Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 80 дарсади ин муҳоҷирон ғайри легалӣ ё ғайри расмӣ машғули кор ҳастанд. Ва ба марҳилаи иҷро дар омадани муқарароти ҷадид дар Русия вазъи онҳоро бад хоҳад кард. Аммо афзуд ӯ намояндагиҳои ин вазорат дар Русия ва гуруҳҳои эъзомӣ ба шиддат саргами расидагӣ ба масъалаи расмӣ кардани кори муҳоҷирон ҳастанд. Бо ин ҳама вуҷуд гуфт вазири кори Тоҷикистон муҳоҷират ба Русия барои кор дар солҳои баъдӣ низ ҳамчунон ғайри ихтиёр афзоиш хоҳад дошт.


Вазири кори Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод,ки аз ибтидои соли равон то кунун, яъне зарфи 20 руз 5 ҷасади муҳоҷири меҳнатӣ, ки бар асари садама ҷон додаанд бо кишвар оварда шудааст. Дар буҷаи соли равони давлат барои интиқоли аҷсоди муҳоҷирини меҳнатие, ки дар Русия дар мегузаранд 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Солона садҳо тан аз муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба далоили мухталиф ҷони худро аз даст медиҳанд.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG