Пайвандҳои дастрасӣ

800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


Иттилоъи бештар зери ин хатти сабз аст.

Cалом алейкум, кормандони радиои Озодӣ.
Яке аз афроди ки мо ба он кас ифтихор дорем Мавлоност ва бовар кунед, ин хели нобахшуданист, ки мо натавонем дар ҷашни Мавлоно саҳим бошем, чунки саҳим набудан дар ин ҷашн ин як заъфи мардуми моро нишон медиҳад.

Ва ҳамчунин ки мо ҷавонони имруз дар зиҳнҳоямон мепарваронем, ки чаро бобоҳои мо натавонистанд як ҳукумати тоҷикӣ дошта бошанд, набераҳои мо ҳам хоҳанд гуфт, ки чаро бобоҳои мо натавонистанд, шахсияти Мавлоноро ба ҷаҳониён бишиносонанд, ки ун ҳазрат як тоҷик буд мисли мо.

бо эҳтироми фаровон
Тоҷикписар
--------------------------------------

Мавлоно фармуда буд, ки "ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст".
Мисру Туркия ки гуногунзабонанд ҳамдил шуданду Афғонистону Эрону Тоҷикистон ки ҳамзабонанд на.
Худованд обод созад Афғонистонро, ки бо он ҳама бечорагӣ ному нанг дорад.

Ариярамна
--------------------------------------

Салом.

Беҳтар мебуд, ки кишвари азизамон аз дастандаркорони ин ид мешуд ва дар кишвар низ ҷашн мегирифтанд. Муттассифона, мо олимони хуб дорем, вале ҳукумати кишвар барои хидмат ба онҳо ягон иқдоме намекунад.

Чаро мо наметавонем, соли Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизиро эълон кунем?

Аз ҳукумати кишварамон хоҳиш мекунам, ки дар чорабинӣ саҳми арзанда бигирад ва дар ҷумҳурии мо низ ин сол Соли Мавлоно эълон шавад

Кинг
---------------------------------------

Боре мудири кафедраи "Клиническая психология"-и Донишкадаи тиббии ш.Ижевск Владимир Николаевич Пугач, чун фаҳмид, ки ман тоҷикам, пурсид: "Оё Румиро хондаӣ?". Баъди ҷавоби мусбат, хоҳиш кард, дар ҳузури психологҳову психотерапевтҳои Удмуртиё ғазале аз Мавлоно Румӣ хонам. Чун "Пир манам, ҷавон манам, тир манам, камон манам..."-ро хондам, Пугач ба дигарон муроҷиаткунон гуфт: "Бишнавед! Ин назми волои кинэстетикӣ фақат аз тоҷикону форсон аст! Танҳо Румӣ чунон гуфтааст, ки таъсири суханаш бетарҷума аст!". Агар олими русе тоҷикро дида аз Румӣ ёд кунад, пас чаро худи мо аз Мавлоно фахр накунем?

А. Давлатов
---------------------------------------

"Душмани бедонишаш Девони Мавлоно гирифт..."

Моро ба Мавлоно чӣ корест? Мо "Соли Эстрада" ва "Соли Оби Тоза" эълон мекунем. Кӣ чӣ гуфта метавонад. Худам Шоҳ ва табъам вазир.

Меҳровар
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG