Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишонзании Чин дар кайҳон бисёр кишварҳоро нигарон кардааст


Бреффнӣ О Рурк Чин бо мушаке, ки аз замин сар дод, як моҳвораи кӯҳнаи худро дар фосилаи 860 километр аз замин мунфаҷир кард. Тиккаҳои ин моҳвора ва иттилоъи даруни ҳофизаи он дар кайҳон пош хӯрданд.

Ончи коршиносони ҳарбӣ имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон баррасӣ мекунанд, ба бозии машҳури компютерӣ монанд аст. Ва то ҷое барномаи афсонамонанди "СОИ" ё ҷанги кайҳониро ба ёд меорад, ки Иёлоти Муттаҳида дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта бо истифода аз он Иттиҳоди Шӯравриро саргарон карда буд. Ва ҳам ба филми машҳури тахайюлии "Ҷанги ситораҳо".

Мақомоти чиноӣ ин хабарро расман тасдиқ ё такзиб накарданд, вале намояндагони хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, зарба ба моҳвораи чиноӣ рӯзи 11-уми январ ба амал омад ва онҳо ҳамаи ҷараёнро мушоҳида кардаанд ва медонанд, ки мушак аз майдони Ксичанг дар вилояти Сичуани Чин парт шудааст.

Ин аввалин зарба аз замин ба кайҳон буд ва бисёре аз давлатҳои ҷаҳонро нигарон кард, зеро имкониятҳои имрӯзаи Чинро намоиш дод, ки тавонистааст, як нуқтаи кӯчакро дар кайҳон ҳадаф гирад ва аз байн барад.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Том Кейсӣ ин рӯйдодро қадаме ба сабқати таслиҳотӣ дар кайҳон номид: "Мо табъан аз ҳар кӯшиши ҳар кишваре ки ба сохтани аслиҳа ё амали ҳарбӣ дар кайҳон таҳрик медиҳад, нигаронӣ дорем. Чунин аъмол мутлақан хилофи сиёсатҳои мост, ки Кохи Сафед эълом доштааст. Биноан, нигарониҳои худро бо ҳукумати Чин дар миён гузоштем, ҳам дар ин ҷо, дар Вошингтон ва ҳам дар Пекин."

Мақомоти чиноӣ, тавре гуфтем, ин хабарҳоро на рад карданд ва на тасдиқ, аммо сухангӯйи Вазорати умури берунаи Чин Лю Янчао гуфтааст, "усулан, Чин тарафдори истифодаи осоиштаи кайҳон аст ва ба ҳама гуна талошҳои низомигардонии кайҳон мухолифат дорад ва ба ҳама гуна сабқати таслиҳотӣ дар кайҳон низ."

Пас оё чаро ин зарбаи озмоишӣ ба вуқӯъ пайваст? Коршиноси умури фазонавардӣ ва сардабири маҷаллаи "Ҷейнз Спейс Директори" Дейвид Бейкар мегӯяд, бо ин иқдоми худ Чин хост, на Амрико ё Ғарб, балки Ҷопонро дар ҳайрат гузорад. Бейкар мегӯяд, "Ҷопон дар чанд соли охир моҳвораҳои зиёдеро ба мадори замин барвард, то бо истифода аз онҳо мавзеъҳои аз нигоҳи Ҷопон шубҳаовари Чинро бо мақсадҳои амниятӣ зери назар гирад. Ва Ҷопон дар чанд соли охир хеле кунҷков аст, то дар бораи нақшаҳои ҳарбии Чин иттилоъи ҳарчи бештар ба даст орад. Ба ин сабаб аст, ки ҷопониҳо моҳвораҳои вижаи ҳарбии худро сохтанд ва ба кайҳон фиристоданд."

Бейкар мегӯяд, чиноиҳо мехоҳанд ба Токио нишон диҳанд, ки онҳо метавонанд, ҳама гуна моҳвораҳор дар ҳоли зарурат аз байн баранд.

Аммо хатари эҳтимолии муваффақияти тозаи Чин аз марзи Ҷопон фаротар меравад. Тавони маҳв кардани моҳвораҳо дар кайҳон маънии буридани гӯшу шикофтани чашми ҷаҳони муосирро дорад. Моҳвораҳо дар ҳаёти имрӯза, чӣ мулкӣ ва чи низомӣ аҳамияти умда пайдо кардаанд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Том Кейси гуфтааст, зиндагӣ на танҳо кишвари ӯ, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо моҳвораҳо пайванди гӯштунохунӣ гирифтааст ва бисёр риштаҳо ба василаи моҳвораҳо идора мешаванд. Ва дабири аршади маҷаллаи амрикоии Эвиайшон Виик, Грейг Ковулт менависад, Чин акнун назорати кайҳониро низ метавонад, ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон истифода кунад. Аммо Бейкар мегӯяд, Чин бо ин амал ягон қонуни байнулмилалиро вайрон накардааст, зеро Аҳдномаи байнулмилалии кайҳонӣ ҷойгир кардани ҳама гуна силоҳро дар кайҳон манъ мекунад, вале дар он дар бораи зарба ба ҳадафи кайҳонӣ аз замин чизе гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG