Пайвандҳои дастрасӣ

Пайомади пирӯзии миллатгароён дар Сербия


Ин аввалин интихоботи Сербия пас аз ҷудо шуданаш аз Монтенегро ё Черногория дар соли 2006 буд ва нишон дод, ки бо вуҷуди солҳои дарози муҳосираи байнулмилалӣ, ҷангҳои паёпай, сахтиҳои иқтисодӣ ва хатари ҷудо шудани Косово шиъорҳои миллатгароёна ҳанӯз ҳам дар бахши аъзаме аз аҳоли Сербия аксисадо пайдо мекунанд.

Ин аст, ки Ҳизби Родиколи Сербия пуштибонӣ меёбад, дар ҳоле ки раҳбари собиқи он Войислов Шешелҷ дар додгоҳи Ҳейг муҳокима мешавад. Раиси феълии ҳизб Томислов Николич шаби гузашта аз пирӯзии ҳизби худ хабар дод ва аммо иқрор кард, ки бо фақат 81 вакил дар порлумони иборат аз 250 узв ва бе ҳампаймонӣ бо ягон ҳизби асосӣ вай қодир ба ташкили ҳукумат нахоҳад буд. Николич аммо ҳушдор дод, ки аҳзоби ғарбгарои мамлакат низ дар ташкили эътилоф рӯзи сахте хоҳанд дошт. Вай гуфт: "Мо имкон нахоҳем дошт, ҳукумат ташкил кунем, Вале ошкор аст, онҳое ки батакрор мегуфтанд, намехоҳанд, бо мо сари коре дошта бошанд, акнун масъалае доранд, ки бо кӣ бояд сари кор бигиранд."

Дар пасманзари иди миллатгароёни серб, ягона умедвории аҳзоби ислоҳотхоҳ пирӯзии нисбии Ҳизби демократи президент Борис Тадич аст, ки аввалин бор ба беҳтарин натиҷаҳо даст ёфт. Ва ҳизби хурдтари демократии сарвазир Коштунитса ҷойи савумро гирифт. Бо ин ҳол имкони эътилоф дар миёни демократҳо ва ҳизбҳои хурдтари либерол вуҷуд дорад, аммо коршиносон ин эътилофро дар ҳоле имконпазир медонанд, ки Тадич ва Коштунитса муноқишаҳои дерсолаи худроо ба канор гузоранд. Аз сӯи дигар дар ҳоле ки Тадич бештар ғарбгарост, Коштунитса ба миллатгароӣ майли бештар зоҳир кардааст ва ягона чизе ки ду сиёсатмадорро метавонад бипайвандад прагматизм ё воқеъиятгароии онҳост.

Иттиҳоди Аврупо, ки интихоботи Сербияро бодиққат нигоҳ мекард, умедвори ин аст, ки ҳукумати навро эътилофи ислоҳотхоҳон соҳибӣ хоҳад кард ва ҳаракати Сербия ба самти узвият дар ҷомеъаи аврупоӣ идома хоҳад ёфт. Ҳаракате ки ба ду масъалаи умда -- ҳамкорӣ бо Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югословии собиқ ва таъини мақоми ҳуқуқии вилояти ҷудоихоҳи Косово таъсири сарнавиштсоз дорад.
XS
SM
MD
LG