Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум шудани журналисти қазоқ


Казис Тогузбоев, хабарнигор ва шореҳи ҳафтаномаи мустақил бо номи «Озод» ба муддати ду сол шартан аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳ Казис Тогузбоевро барои паст задани шаъну эътибори раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар мақолаҳояш: «Режими мафиоӣ қотилони Олтинбек Сарсенбоевро пинҳон медорад» ва «Попи Рум ва падари Қазоқистон - тафовут чист?» муҷрим дониста шудааст. Вале худи Тогузбоев ин ҳукмро бепояву ноодилона мехонад ва ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданист.


Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъи Казис Тогузбоев, Асилбек Хоҷааҳмадов, раиси Ҳизби сабтином нашудаи «Алга» мегӯяд, ки ҳадаф аз ин ҳукм бастани даҳони хабарнигори ошкорбаён аст. Казис Тогузбоев баъди мурофиа ба радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти рӯзноманигории хешро идома медиҳад.


Полковник Казис Тогузбоев то соли 1997 сарвари бахши муносиботи байналмилалии Вазорати дифоъ буд ва баъди ба нафақа баромаданаш ба кори хабарнигорӣ пардохт. Чанде қабл, хабарнигори хафтаномаи «Озод» барои саҳмаш дар рушди демократия дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза ва нишони Озодӣ гардид, ки он аз ҷониби Ҳизби сиёсии Алга - интихоби демократии Қазоқистон чаҳор сол боз ато карда мешавад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG