Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Буққагарӣ" дар мактабҳои Ҷопон


Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе гуфт, ки барои онҳое, ки дар мактабҳо бо донишҷӯён бадрафторӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ дар Тоҷикистон "буққагарӣ" мекунанд, бояд ҷазоҳое сахттаре муқаррар кард, чун гузориш мешавад, ки дар натиҷаи бадрафториҳо даҳҳо донишҷӯёни ҷопонӣ худкушӣ кардаанд.

Шинзо Абе гуфт, ӯ тарафдори он аст, ки донишҷӯён ва ё муҳассилини бадрафторро бояд аз дарсҳо муваққатан дур кунанд ва ба онҳо насиҳат дода шавад. Нахуствазири Ҷопон ба хабарнигорон гуфт, бояд эътимоди волидон ва кӯдакон ба мактабҳо аз нав эҳё шавад.

Ба қавли ӯ, иқдомоте ба мисли дур кардани донишҷӯёни бадрафтор аз дарсҳо барои тарбияи онҳо, бахше аз умури таҳсил аст. Ҳукумати Ҷопон ҳафтаи гузашта гуфт, ки бадрафторӣ ба донишҷӯён ва муҳассилини заъифтар сабаби худкушӣ кардани 14 ҷавони ҷопонӣ дар зарфи шаш соли ахир шудааст.

Вазорати маорифи Ҷопон пас аз рад кардани чунин хабарҳо дар ниҳоят ташхис кардааст, ки аз 40 мавриди худкушии муҳассилин тайи солҳои 1999 то 2005- ум дар 14 маврид сабаби худкушӣ бадрафтории ҳамсолон будааст.

Дар ин 14 ҳодиса дар се маврид маҳз буққагарӣ ба донишҷӯёни заъиф сабаби худкушӣ кардани ин донишҷӯён шудааст ва дар шаш мавриди дигар ҳамон бадрафториҳо аз омилҳои аслии қасд ба ҷони хеш кардани донишҷӯён будааст.

Моҳи ноябри гузашта кумиссияи махсуси ҳукумати Ҷопон ба раҳбарии баррандаи ҷоизаи Нобел Рийойӣ Нойорӣ кимиёгари ҷопонӣ аз макотибу донишгоҳҳо хост, то барои аз байн бурдани падидаи бадрафтории омӯзгорон ба донишҷӯён тадбир биандешанд. То он замон вазорати маорифи Ҷопон даҳҳо номаҳои беунвон ки гирифтааст, ки донишҷӯён дар он таҳдид кардаанд, ки худро мекушанд.

Бадрафторӣ дар макотиб аз пеш яке аз мояҳои нигаронӣ дар Ҷопон будааст, ки муҳассилин дар он барои рақобат кардан бо ҳамсолони хеш ва омодагӣ ба имтиҳоноти воридшавӣ таҳти фишори шадид қарор доранд. Аммо ҳамзамон қурбониёни бадрафториро низ муттаҳам мекардаанд, ки худашон сабаби зери зӯргӯӣву масхара қарор гирифтан мешаванд.

Бо умеди поён додан ба бадрафторӣ дар мактабҳо кумиссиёни махсус рӯзи чаҳоршанбе гузоришеро ба нахуствазири Ҷопон ироа хоҳад кард, ки дар он аз ҷумла бознигарии дастури соли 1947 пешбинӣ шудааст. Тибқи ин дастур ҷазои ҷисмонӣ додан ба муҳассилин мамнӯъ аст, ба мисли задани муҳассил ва берун аз дар кардани ӯ манъ аст. Ин куммисиён ҳамчунин дастур хоҳад дод, ки барои донишҷӯёни бадрафтор фанҳои иловагӣ ҷорӣ карда шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG