Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши мусодираи маводи мухаддир дар Суғд


Бино бар иттилоъи Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд, дар соли 2006 ниҳодҳои масъул дар шимоли Тоҷикистон беш аз 650 кило маводи нашъадор, аз ҷумла наздики 350 килограмм ҳероин дарёфт ва мусодира кардаанд.



Ба гуфтаи Акбар Адҳамов - сарнозири Оҷонси мазкур, ин миқдор назар ба маводи мухаддири дар соли 2005 мусодирагардида наздики даҳ килограмм кам мебошад. Ҳамчунин, дар давраи соли 2006 миқдори ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир аз 295 адади соли 2005 то 242 пойин рафтааст.



Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи масъулини оҷонси назорат ба гардиши маводи мухадддир дар вилояти Суғд, роҳҳои нақлиётӣ ва ҳавоии минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳамчунон ба мисли пеш як ҷодаи аслии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, ба хусус, маводи сахттаъсири ҳероин ба Русия ва кишварҳои дигар боқӣ мондааст. Дар ин маврид, ба назари масъулин, танҳо муборизаи якҷояи тамоми ниҳодҳои марбута пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро сад баста метавонад.



Ин дар ҳолест, ки ба назари коршиносон ва таҳлилгарони Суғд, ҷиноёти қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ҷодаҳои минтақаи шимолии Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба худ хусусияти муташаккил касб кардааст ва аз сӯи гурӯҳҳои қочоқбаре сурат мегирад, ки бо васоити нақлиётӣ ва мухобиротӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG