Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон қотил гумонбар дониста мешавад


Бино ба иттилоъи расонаҳои хабарии Русия додситонии шаҳри Маскав як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар қатли як духтари мактабхон муттаҳам донистааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, як ҳафта қабл, субҳи рӯзи 14-уми январ дар яке аз хиёбонҳои Маскав ҷасади Лиза ном ҷавондухтари 16-сола кашф шуд ва дар тафтишот нафари гумонбар дар қатли ӯ, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, боздошт шудааст.


Вале феълан исми шахси боздошт шуда ба хотири нигаҳ доштани сирри тафтишот эълон нашудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, Лиза бо муҳоҷири кории тоҷик дар мавзеъи сохтмонӣ, яъне коргоҳи ӯ шиносоӣ пайдо карда ва баъдан мавриди ҳамла қарор гирифтааст.


Гуфта шудааст қотил аз Лиза дороияшро рабуда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Додситонии Маскав мегӯяд, далелҳои собиткунандаи гуноҳи шаҳрванди Тоҷикистонро рӯйи даст дорад ва алъон нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG