Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми боздиди Эмомалӣ Раҳмонов аз Чин


Шоми якшанбеи 21-уми январ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари шашрӯза он ҷо буд, ба Душанбе баргашт. Дар Пекин миёни мақомоти расмии Тоҷикитону Чин як идда созишномаҳои дуҷониба, алалхусус дар бахши иқтисод ба тасвиб расид.


Аз ҷумла мувофиқат ҳосил шудааст, ки Чин ба Тоҷикистон 70 миллион юан кӯмаки билоиваз ироа диҳад. Ҳамзамон дар пайи ин сафар Чин изҳори омодагӣ кардааст, ки дар бунёди як нирӯгоҳи барқи обӣ бар фарози рудхонаи Зарафшон саҳм бигирад.


Бо ин ҳадаф Чин 200 миллион доллари амрикоӣ қарзӣ боимтиёз ҷудо мекунад ва шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар моҳи марти соли равон дар назар аст. Ширкати «Шонҳой-Белалкател» низ барои таҷдиди низоми мухобироти роҳи оҳани Тоҷикистон 20 миллион доллар ихтисос додааст. Инчунин қарор аст бо ҷалби сармояи Чин роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва Колхозобод-Панҷи Поён бунёд ва роҳи оҳани Конибодом-Бекобод бо васоити муосири таъмини барқ муҷаҳҳаз шавад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG