Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории интихоботи порлумонӣ дар Сербия


Қарор аст имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии Сербия эълон шаванд. Ҳоло пешгӯиҳои нозирони бетарафи интихоботи Сербия ҳокӣ аз онанд, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе Ҳизби миллатгарои радикали ин кишвар аксари курсиҳоро дар парлумон аз худ кардааст.



Аммо раъйи ба дастомада ҳанӯз ба ин ҳизб ҳақи ба танҳоӣ ташкил додани ҳукумати навро намедиҳад. Тибқи натиҷаҳои пешакии Маркази интихоботи озоду демократии Сербия Ҳизби миллатгарои радикали Сербия 28,5 дар сади овозҳоро аз они худ кардааст. Ҳизби ғарбгарои демократии раиси ҷумҳурӣ Борис Тадич 22,9 дар сади овозҳо ва Ҳизби демократии Сербия нахуствазир Войислав Коштуница 17 дар сади овозҳоро ба худ ихтисос додаанд.


Гурӯҳҳои эътилофӣ бо исми Ҷи 17 плюс - 6,8 дар сади овозҳои мардумро касб кардаанд. Ҳизби сотсиалистии собиқ раҳбари Югославия марҳум Слободан Милошевич дар интихоби парлумонӣ 6,1 дар сади овозҳо ва Ҳизби либерал-демократ 5 дар сади овозҳоро ба даст оварданд.


Ин он гурӯҳу ҳизбҳои сиёсие ҳастанд, ки бо убури марзи панҷ дарсада ҳақи узвият дар парлумони нави ин кишварро ба даст овардаанд. Барои шомил шудан ба парлумони иборат аз 250 курсии Сербия рӯзи якшанбе беш аз 20 ҳизби сиёсии Сербия талош варзиданд.
XS
SM
MD
LG