Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бохти "Регар-ТадАЗ" дар Маскав


Ин бозӣ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо»-и шаҳри Маскави Русия баргузор шуд. Ҳарду голро ҳамлагари БАТЭ Родионов ба самар расонд. Вай дар дақиқаи 37-ум ҳисобро боз кард ва сипас дар дақиқаи чаҳоруми қисми дуввуми бозӣ дуввумин бор тӯбро ба дарвозаи дастаи «Регар» ТадАЗ ворид намуд.

Бозии дигари гурӯҳи «А» миёни дастаи дуввуми CSKA-и Маскав ва «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ БАТЭ бо се имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. CSKA ва «Оқтеппа» якимтиёзӣ ба даст овардаанд. «Регар» ТадАЗ бидуни имтиёз дар мақоми охирин ҷой гирифтааст. Дар даври дуввум CSKA бо БАТЭ ва «Регар» ТадАЗ бо «Оқтеппа» рақобат мекунанд. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ ба радиои Озодӣ гуфт, бозигарони тоҷик барои роҳ ёфтан ба даври дуввуми мусобиқот мубориза мебаранд.

Дар гурӯҳи «В» дастаи «Шериф»-и Молдова бар тими «Боку»-и Озарбойҷон бо натиҷаи 4 бар 3, «Левадия»-и Эстония бар «Дордой - Динамо»-и Қирғизистон бо натиҷаи 4 бар 0 ғолиб омаданд.Дар гурӯҳи «С» дастаи «Вентспилс»-и Латвия бар тими «Пахтакор»-и Узбакистон бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд. Бозии дигари ин гурӯҳ байни тимҳои «Шахтёр»-и Украина ва «Бананс»-и Арманистон бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба поин расид. Дар гурӯҳи «D» ОФК-и Сербия дастаи МТТУ-и Туркманистонро бо натиҷаи 2 бар 0 ва «Каунас»-и Литва тими «Сиони»-и Гурҷистонро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст доданд.

Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми иттиҳод-2007 дар чаҳор гурӯҳ шоми сешанбеи 23 январ ба анҷом мерасад. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26 январ барпо мегарданд. Барандаи Ҷоми иттиҳод-2007 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и Маскав баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG