Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони Гуантанамо муҳокима хоҳанд шуд


Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида дастури нави муҳокимаи хориҷиёнеро омода кард, ки дар маҳбаси Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд. Тибқи ин дастур гумонбаршудагони терроризм дар ин маҳбас метавонанд зимни далелҳои шунида ва ё иқрори иҷборӣ ҳукми ҷазо гиранд, ба шарте агар додгустар ин далоилро боварбахш шуморад. Аммо ин корпоя истифодаи шиканҷаро дар кашидани иттилоъ ба таври рӯшан рад мекунад. Дастури нав тибқи қонуне пайрезӣ шудааст, ки соли гузашта таъсиси кумисюнҳои вижаи ҳарбиро барои муҳокимаи боздоштшудагони Гуантанамо маъқул донист.


Ҳанӯз ҳангоми қабули ин қонун, сенатори Иёлоти Муттаҳида Ҷон Маккейн ҳадафи онро ингуна шаҳр дода буд: "Мо ба ҷаҳон паём додем, ки Иёлоти Муттаҳида шабеҳи террористон нест. Мо ғами онҳоро намехӯрем, вале давлате ҳастем, ки арзишҳо ва меъёрҳои баланди рафтору муносибат дорад, нисбати ҳама гуна мардум, қатъи назар аз дараҷаи бадии онҳо."


Тибқи хабарҳо қарор аст, дар марҳалаи аввал Амрико аз 395 маҳбуси Гуантанамо 60 то 80 нафари онҳоро муҳокима кунад.


Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, шумораи шаҳрвандони худро, ки дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд, дақиқ намедонанд.
XS
SM
MD
LG