Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти гумрук: "Дар гаронии мошинҳо мо гуноҳ надорем"


Аммо Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон овозаи афзудани боҷи гумрукӣ барои воридоти васоили нақлия аз хориҷ ба кишварро бепоя хонда ва гуфт, барои ба миён омадани ин сару садо худи тоҷирон манфиатдоранд: «Ягон тағйирот аз нуқтаи назари батанзимдарории ҳуқуқии воридоти воситаҳои нақлиёт нест. Қонунҳои соҳавӣ низ тағйир нахӯрдаанд».


Бо ин вуҷуд қимати мошинҳои сабукрав дар бозорҳои Душанбе ва Хуҷанд боло рафтааст.Нархи сабукрав ҳамин
ахирҳо вобаста ба тамғааш аз 500 то 2000 доллари амрикоӣ боло рафтааст. Масалан, ҳоло Нексияи то чанд сол истифодашуда ҳудудан сеюним ва наваш то даҳ ҳазор доллар, Опел-Астра, ки харидори бештаре дар бозори Тоҷикистон дорад, аз се то чоруним ҳазор ва Максимаю Тойота-Кембри вобаста ба ҳолати техникияш аз 15 то 28 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.



Абдулло Ғоибназаров, як сокини пойтахт мегӯяд: «Ман як сол пеш як «Газел» ба ивази $ 5 600 гирифтам. Ҳозир ният дорам онро ба $ 6000 фурӯшам. Ба ивазаш мошини сабукрав гирифтаниам, аммо ҳоло нархи мошинҳои майда ба калонаш баробар шудааст. Ҳоло аз фурӯхтани мошинам худдорӣ мекунам, аввалҳои баҳор, вақте одамон ба Русия мардикорӣ мераванд, мумкин мошинҳо арзон шаванд, ҳамон вақт «Газел»-ро фурӯхта, сабукрав мегирам».



Як иллати болоравии нархи сабукравҳоро соҳибназарон дар он мебинанд, ки дар фасли сармо муҳоҷирони кории тоҷик бозгашт ба ватан мекунанд ва барои нигаҳдории пули коркардаашон онро барои дороии ғайриманқул, мисли мошину манзил масраф мекунанд. Аслами Муллофайзӣ иқтисодшиноси тоҷик дар ин робита гуфт: «Як аз сабабҳои боло рафтани нархи мошин дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиши шумори харидорони он мебошад, яъне асосан баргаштани муҳоҷирони корӣ аз Русия бо пули зиёд аст. Дигар сабабаш, кам ворид шудани мошин ба Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти расида, кишварҳое, ки аз онҳо асосан мошинҳоро соҳибкорони мо берун мекунанд, боҷи гумрукиашонро зиёд кардаанд. Ва сабаби дигари боло рафтани қимати мошинҳо ин арзон шудани нархи бензин дар бозорҳои ҷаҳонист».



Ва аммо шояд ин масъала, ки мақомоти Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди мошинҳои кӯҳнаву фарсуда ба ҳудуди кишвар боҷи гумрукиро барои сабукравҳои беш аз панҷ сол истифодашуда боло бурдааст, боиси афзудани баҳои мошин шудааст. Чун аз сӯҳбати иддае аз соҳибкорон бармеояд, аксаран мошинҳои истифодашуда аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешаванд, зеро нархи нисбатан дастрас доранд. Сабукравҳои нав бошад, қимати гарон доштаанд.



Барои ворид кардани сабукрави навистеҳсол ба Тоҷикистон аввал бояд се намуди молиёт: андози аксизӣ - 10 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 20 фисад ва боҷи гумрукӣ - 5 дарсад, ҷамъан 35 дарсади қимати аслии мошинро бояд пардохт кард. Яъне агар мошин ҳазор доллар қимат дошта бошад, бояд 350 доллар молиёт супурд. Аммо агар сабукрави хориҷӣ беш аз панҷ сол истифода шуда бошад, барои ворид кардани он ба Тоҷикистон панҷ баробари молиётро бояд пардохт, яъне ҳамон 35 дарсади андозро ба панҷ зарб задан лозим меояд. Дар натиҷа аҷми андоз аз қимати аслии мошин бештар мешавад.



Аммо ин муқаррарот танҳо ба нафароне дахл дорад, ки мошинро барои истифодаи шахсӣ ворид мекунанд, онҳое, ки мошинҳои кӯҳнаву истифодашударо бо ҳадафи тиҷорат аз хориҷа мехоҳанд ворид ба хоки Тоҷикистон кунанд, тибқи маъмул, 35 фоизи қимати аслии мошинро ба боҷи давлат пардохт мекунанд. Пас, чунин ба назар мерасад, ки барои соҳибкорон шароити мусоидтаре нисбат ба шахсони воқеӣ фароҳам шудааст?

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG