Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рафъи нофаҳмӣ дар қазияи боздошти ҳокими қирғиз


ка

Шӯрои амнияти Тоҷикистон гунаҳкор будани марзбонони тоҷик дар қазияи боздошти ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистонро рад кард. Ин дар ҳолест,ки бархе аз хабаргузориҳо бо ишора ба ин қазия навишта буданд,ки марзбонони тоҷик ба гуноҳи худ дар ин қазия эътироф кардаанд.



Акрам Амонов, намояндаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, дар мулоқоти ахири Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти ин кишвар ва ҳамтои қирғизи вай Усмоналӣ Гуронов қазияи Султон Ойҷигитов, ҳокими вилояти Ботканд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.


Мақоми Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт дар пайи ин мулоқот тарафҳо ба ин хулоса омаданд,ки қазияи пеш омада бар асари адами ҳусни тафоҳум иттифоқ афтодааст. Оқои Амонов гуфт, дар ин қазия тарафҳо якдигарро гунаҳкор надонистаанд ва гузашта аз ин узрхоҳӣ накардаанд: «Аллакай вохӯрӣ карданд. Масъала ҳал шудагӣ. Дар ин ҷо камтар нофаҳмӣ сар задааст, тамом. Аллакай ба муросо омаданд. Ҳеҷ гапи дигаре нест».Аммо Юсуф Раҳмонов, раиси додситони низомии Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарии худ аз Султон Ойҷигитов ба унвони гунаҳкори қазия ном бурда буд.


Султон Ойҷигитов, ҳокими Ботканди Қирғизистон рӯзи сешанбеи 9-уми январ, бо мақсади боздид аз ноҳияи Лайлак, ки дар пайи заминларзаи шаби 8 ба 9 январ осеб дидааст, ба ин ноҳия сафар мекунад. Вале дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби чаҳор марзбони тоҷик нигоҳ дошта мешавад. Қаблан мақомоти марзбонии Қирғизистон ба унвони Раёсати марзбонии Вазорати амнияти Тоҷикистон як номаи расмӣ фиристода, пажӯҳиши ин ҳодисаро тақозо карда буданд.

Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG