Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Марказҳои саломатӣ дар вилояти Суғд


Дар вилояти Суғд дар чаҳорчуби барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба таъсиси Марказхои саломатӣ шурӯъ шуд. Нахустин ин гуна марказҳо дар заминаи бунгоҳ ва ё поликлиникахои маъмулӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои санҷишии Ашт ва Спитамен ахиран ба кор оғоз кард.


Ба гуфтаи Зайнидин Орифи, сухангӯи ин барнома таъсиси Марказҳои саломатӣ барои тақвияти расонидани кӯмакҳои аввалияи санитариву тиббӣ сурат мегирад: «Ин чунин маънӣ дорад, ки одамон дар сурати беморӣ набояд рост ба беморхона, балки аввал ба марказҳои саломатии маҳалҳои худ муроҷиат кунанд. Баъди ташхис ва иҷозаи табиби оилавӣ ё дигар духтури мутахассис бемор метавонад табобати худро дар манзилаш дар таҳти назорати табиби оилавӣ давом диҳад. Табобат дар хона ба бемор аз муолиҷа дар беморхона арзонтар меафтад.»


Ба маълумоти идораи ҳифзи сиҳати устони Суғд, дар марказҳои саломатии навтаъсис дар заминаи бунгоҳҳои тиббӣ як нафари менеҷер, муҳосиб ва мутахассиси омори тиббӣ ба кор ҷалб шудаанд. Инчунин ба марокиз маблағгузории алоҳида аз буҷаҳои маҳалӣ, такрибан 40 дар сад аз маблағи умумие, ки барои муассисаҳои ҳифзи сиҳат ҷудо мегардад, пешбини шудааст.


Ба гуфтаи ин манбаъ, дар семоҳаи аввали соли 2007 тамоми бунгоҳҳои тиббии Суғд ба марказҳои саломатӣ табдил дода хоҳад шуд. Таъсиси Марказҳои саломатӣ дувумин барномаи умдаест, ки дар минтақаи шимолии Тоҷикистон дар доираи ислохоти бахши тандурустӣ пиёда мегардад. Дар қадами аввал дар ду соли пеш дар шаҳри Хуҷанд Маркази тибби оилавӣ ташкил ва тавассути барномаҳои вижаи омӯзишии он то ибтидои соли равон наздики 150 табиби оилавӣ омода карда шудааст. Татбиқи ин барномаҳо бо мусоидати молии Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG