Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ба нафъи Нурӣ ҳукм баровард


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бо анҷоми баррасии парвандаи шикояти корхонаи "Душанбеводоканал" аз болои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ба нафъи раиси марҳуми ҲНИТ ҳукм баровардааст.


«Душанбеводоканал» аз болои Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои як сӯҳбати ӯ бо ҳафтаномаи «Миллат» ба додгоҳ шикоят бурда буд. Дар он сӯҳбат марҳум Нурӣ дар мавриди оби нопок дар Душанбе бо вуҷуди тахсиси маблағҳои калон ба ин низом ҳарф зада буд ва «Душанбеводоканал» даъво дошт, ки ҷаноби Нурӣ ин корхонаро ба фасод муттаҳам кардааст.


Зебо Абдураҳмонова, додгустари додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфтааст, дар пайи таҳлили лингвистии мусоҳибаи оқои Нурӣ бо «Миллат» дар пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маълум шудааст, ки дар сӯҳбати худ оқои Нурӣ ба «Душанбеводоканал» ишорае накардааст ва даъвои ин корхона беасос мебошад.


Баъд аз нашри сӯҳбат аз болои раиси собиқи ҲНИТ Петра Зайдлер, ҳамоҳангсози барномаи обтаъминкунии Душанбе ва Беҳрӯз Сафаров, раҳбари вақти «Душанбеводоканал» ба додгоҳ шикоят бурда буданд.


Тақрибан ним сол пеш хонум Зайдлер ба таври ногаҳон Душанберо тарк гуфт, Беҳруз Сафаров аз вазифаи худ барканор шуд. Саид Абдуллои Нурӣ 9 августи соли гузашта аз дунё даргузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG