Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмонов ба осоишгоҳи Ҳейнан


Дар идомаи сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷанубитарин маҳалли ин кишвар, вилояти Ҳейнан дидан кард.

Дар мулоқот бо волии вилояти Ҳейнан Луо Баоминг президент Раҳмонов гуфтааст, кишвараш аз ҳамсоягони хуб ва шарикони стратегии Чин мебошад ва мехоҳад аз Чин роҳҳои рушди соҳаи туризмро биомӯзад. Ҳейнан яке аз минтақаҳои хушобуҳаво ва аз марказҳои туризми Чин ба шумор меравад. Раҳмонов гуфтааст, ин саввумин сафари ӯ ба осоишгоҳи Ҳейнан аст.


Волии Ҳейнан Луо гуфтааст, омодааст, дар ҳамкории наздиктари вилояти Ҳейнан ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм бигирад.


Рӯзи панҷшанбе Раҳмонов аз сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Седара дар рӯдхонаи Янтс дар устони марказии Ҳубей дидан кард. Ин нирӯгоҳ, ки бузургтарин иншооти тавлиди барқи обӣ дониста мешавад, қарор аст дар се марҳала сохта шуда, сатҳи об дар обанбори он ба 175 метр баробар хоҳад буд. Сохтмони нирӯгоҳи Седараи Чин соли 2009 ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG