Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Регар" ТадАЗ дар Ҷоми Иттиҳод - 2007


Понздаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик бо ширкати дастаҳои қаҳрамони футболи ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ҳамчунин тими ОФК-и Белгради Сербия рӯзи шанбеи 20 январ оғоз меёбад. Бозиҳо дар чаҳор гурӯҳ дар маҷмаъаҳои варзишии «Олимпийский» ва «Динамо»-и пойтахти Русия баргузор мешаванд.

«Регар» ТадАЗ - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рақобат хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ, ҳамчунин CSKA-и Маскав, бошгоҳи футболи БАТЭ-и Борисови Белорус ва тими «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон дохиланд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақсади боз ҳам пурқувват кардани даста гурӯҳи бозигарон аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии Тоҷикистон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «ХИМА»-и Душанбе, «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, CSKA-и Душанбе ва як нафар - ҳамлагар Ниёз Қурбонов, аз тими «Насаф»-и Қаршии Узбакистон даъват шудаанд.

Ба гурӯҳҳои дигар қаҳрамонҳои футболи кишварҳои зерин шомиланд:
гурӯҳи «В» : « Боку»-и Озарбойҷон, «Шериф»-и Тирасполи Молдова, «Левадия»-и Таллинни Эстония ва «Дородой - Динамо»-и Норини Қирғизистон
гурӯҳи «С» : «Шахтёр»-и Донетски Украина, «Вентспилс»-и Латвия, «Бананс»-и Еревани Арманистон ва «Пахтакор»-и Тошканди Узбакистон
гурӯҳи «D» : ОФК-и Белгради Сербия, МТТУ-и Ишқободи Туркманистон, «Каунас»-и Литва ва «Сиони»-и Болниси Гурҷистон.

«Регар» ТадАЗ дар аввалин дидори худ рӯзи шанбеи 20 январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо» бо БАТЭ-и Белорус рақобат мекунад. Бозии дуввуми футболбозони тоҷик рӯзи якшанбеи 21 январ дар ин маҷмаъа бо тими «Оқтеппа»-и Қазоқистон баргузор мешавад. Ва охирин дидори намояндаи Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотӣ рӯзи сешанбеи 23 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и Маскав бо CSKA-и Русия сурат мегирад.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки 24 январ доир мешаванд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 26 январ барпо мегарданд. Барандаи Ҷоми иттиҳод - 2007 дар бозии ниҳоӣ, ки 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский» баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG