Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин масъули шаҳрдории Душанбе аз вазифа барканор шуданд


Шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев сарони риштаҳои барқ ва гази пойтахти Тоҷикистонро аз мақомашон барканор кард. Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки натиҷаҳои соли 2006-умро ҷамъбаст мекард, вазъи чандин соҳаи кори он аз тарафи худи шаҳрдор шадидан интиқод шуд.


Ширкати воҳиди "Душанбегаз" барои он танқид шуд, ки натавонистааст, пардохти истифодаи газро дар шаҳр ҷамъоварӣ кунад. Тасмим гирифта шуд, бо ин сабаб раиси ширкат Мансур Шарифов аз мақомаш барканор шавад. Бо чунин иттиҳом ва номбурди камбудиҳои дигар раиси Шабакаи барқи шаҳри Душанбе Абдукарим Миралиев низ аз ин вазифа сабукдӯш гардид.


Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин ноиби худ Абдукарим Абдураҳимовро, ки риштаҳои нақлиёт ва саноъатро дар шаҳрдорӣ раҳбарӣ мекард, аз вазифа озод кард. Сарони чандин ниҳоди дигари шаҳрдорӣ, ки масъули соҳаи хадамоти манзил ва маишат будаанд, низ салоҳиятҳои худро супурданд. Ин муҷозот ва дигаргуниҳои кадрӣ дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки зербинои иҷтимоии шаҳри Душанбе таҳти фишори сахти камбуди сармоя ва фарсудагии таҷҳизот қарор дорад.
XS
SM
MD
LG