Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дар пасманзари Ироқ бо Эрон чӣ хоҳад кард?


шаҳри Вашингтон Ҷеффрӣ Донован Дар ҷавоб ба тақозои муколама бо Эрону Сурия президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш кӯшишҳоеро сар кард, ки қарор аст, аз густариши нуфузи Эрон дар Ироқ ва Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунанд.

Вақте Буш дар муаррифии барномаи нави Ироқ аз интиқоли нирӯи изофӣ сӯҳбат кард, ба масъалаи Эрону Сурия низ ишора намуд, вале кам касон ба он диққат доданд. Вай гуфт: "Ин ду режим ба террористон имкон медиҳанд, ки бо истифода аз хокашон ба Ироқ рафтуомад кунанд. Эрон ба ҳамлаҳо болои сарбозони амрикоӣ кумаки моддӣ мерасонанд. Мо ба ҳамлаҳо болои нерӯҳоямон хотима мебахшем. Мо шабакаҳои интиқоли кумак аз Эрону Сурия, он шабакаҳоеро, ки душманони Ироқро бо силоҳи замонавӣ ва тамрин таъмин мекунанд, ташхис намудаву аз байн хоҳем бурд. "

Як рӯз пас аз ин паёми Ҷорҷ Буш дар шаҳри Ирбили Ироқ сарбозони амрикоӣ панҷ эрониро бо иттиҳоми кумак ба шӯришгарон дастгир намуданд. Аммо мақомоти Теҳрон айбномаро беасос номида, раҳоии эрониҳои боздоштшударо талаб кардаанд.

Рӯзи душанбе аснои сӯҳбат дар қароргоҳи НАТО дар шаҳри Брусел вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс иброз дошт, ки кишвараш бояд баъзе масъалаҳоро ба эрониҳо ташреҳ диҳад: "Эрониҳо бовар доранд, онҳо то ҳадде дар Ироқ иртибот пайдо кардаанд, ки ташаббус дар дасти онҳост ва онҳо метавонанд дар масъалаҳои мухталиф моро зери фишор қарор диҳанд. Онҳо дар Ироқ ягон кори созанда анҷом надодаанд".

Вале эҳтимол ин талошҳои Вашингтон танҳо бо таъқиби пайравони Эрон дар Ироқ хотима нахоҳанд ёфт.
Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Кондолиза Райс дар ҷараёни боздид аз кишварҳои Халиҷ пуштибонии кишварҳои зери назорати мусулмонони суннимазҳаби минтақаро ба даст овард. Ҳадаф аз ин амал таҳкими пуштибонӣ аз барномаи ИМА дар Ироқ ва инзивоъгузории Эрон аст. Дар ин робита шореҳон ба таҳаввули дигар: ирсоли дуюмин киштии ҳомили ҳавопаймоҳои ИМА ба минтақаи Халиҷ ишора мекунанд.

То охири моҳи равон киштии ҳомили ҳавопаймоҳо бо номи "Стеннис" дар минтақаи Халиҷ дар канори киштии ҳомили ҳавопаймоҳои Дуайт Эйзенҳауэр лангар мезанад. Ин амал ҳушдоре хоҳад буд ба Эрону Сурия.
Нерӯи ҷадиди зарбазан 16 000 сарбози баҳрӣ, 7 киштии эскорт ё муҳофизат, 10 эскадрони ҳавоӣ, 2 киштии зери обӣ ва чандин чархбол иборат хоҳад буд. Ҳамчунин ҳафтаи равон 16 ҳавопаймои ҷангии ИМА барои тамрин дар пойгоҳи ҳавоии Нато дар хоки Туркия фуруд намуданд, вале шореҳон ба вақти машқҳои муштарак ва наздикии Эрону Сурия таъкид намуда, дурнамоҳои мухталиф пешбинӣ мекунанд. Бар замми он барои аввалин бор раҳбарии нерӯҳои ИМА дар Афғонистону Ироқ бар ӯҳдаи афсари баҳрӣ, мутахассиси ҷанги ҳавоӣ адмирал Вилям Фелон вогузор шуд.

Дар ҳамин ҳол қонунгузорони амкриоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар сарбозони амрикоӣ таъқиби ҷангҷӯён дар сартосари Ироқро оғоз намоянд, ҷанг ба Эрону Сурия ҳам тавсе хоҳад ёфт. Вале ҳафтаи равон Тонӣ Снов сухангӯи Қасри Сафед таъкид кард, ки барнома бо Ироқ кифоят мекунад. Энтонӣ Кордесмен собиқ мансабдори вазорати мудофиаи ИМА ва ҳоло яке аз шореҳони баландпояи умури низомӣ дар Вашингтон бар ин назар аст, ки хатари Эрон аз будаш зиёд нишон дода мешавад. "Дар ҳақиқат Эрон метавонад нақши нерӯи табаҳкори минтақаро бар дӯш гирад. Ин кишвар қодир аст пайравонаш ба мисли Ҳизбуллоҳ ва дигар ҷумбишҳои ифротгаро ва ҳамчунин равобит бо Сурия ва ҷонибдоронаш дар байни ҷангҷӯёни ироқиро таҳрик диҳад. Вале ин кишвар то ҳанӯз ба як абарқудрати минтақа табдил наёфтааст ва агар ИМАву иттифоқчиёнаш ба он муқовимат намоянд, ин кишвар чизеро зери суол гузошта наметавонад."Ба қавли Кордесмен дар беҳтарин ҳолат Эрон дар соли 2010-ум ба силоҳи ҳаставӣ дастрасӣ пайдо мекунад.

Аммо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ба ин фикр мувофиқ нест. Ибтидои моҳи равон ӯ гуфта буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ ба тавлиди силоҳи ҳаставӣ наздик шудааст. Дар паи ин мусоҳиба овозаҳо зиёд шуданд, ки шояд Исроил корхонаҳои ҳаставии Эронро мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор диҳад. Исроил ин овозаҳоро қотеона рад мекунад.
Кордесмен ва шореҳи дигари амрикоӣ Ралф Петерс дар як чиз мувофиқанд, ки агар кадом амали низомие бар зидди манфиатҳои Эрон сурат бигирад, дар он нерӯҳои ҳавоӣ нақши асосиро иҷро хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG