Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли эълони оташбаси тоҷикон


шаҳри Душанбе Идомаи пажӯҳишҳо дар таҳаввулоти сарнавиштсози соли 1994 дар Тоҷикистон. Дар чи вазъе (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) гуфтушуниди сулҳ оғоз ёфт ва дар чи фазои равоние?

МУХОЛИФОН

Вақте аввалин даъватҳо ба гуфтушунид садо доданд, чи дар ҳукумати вақти Тоҷикистон ва чи миёни афроду нирӯҳои оппозитсион дар хориҷи кишвар, кам касе буд, ки ба ин барнома сидқан бовар дошт.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони вақти Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки он замон дар шаҳри Теҳрон ба сар мебурд, мегӯяд, андешаи оғози музокироти сулҳро ба раҳбарияти оппозитсион Алиакбари Вилоятӣ, вазири умури хориҷаи Ирон талқин мекард. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, оқои Вилоятӣ фишор намеовард, балки бо далели он ки Тоҷикистон ба як Афғонистони дигар табдил меёбад ва мардуми зиёде кушта мешавад, пайваста гирди мавзӯи музокирот мечархид. Оқои Тӯраҷонзода афзуд, тобистони соли 1993 ниҳоят як зеҳнияте миёни раҳбарони оппозитсион дар Теҳрон ба вуҷуд омад, аммо Шодмон Юсуф ба музокироти сулҳ мухолифат кард ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Тоҳири Абдуҷаббор, Обид Шукурзода ва дигарон шурӯъи музокиротро дастгирӣ карданд. «Моҳи августи соли 1993 ман ва устод Ҳимматзода озими Афғонистон шудем. Вақте суханро аз мусолиҳву музокирот оғоз кардем, аслан касе ҳозир набуд, ки дар ин бора ҳатто фикр кунад. Ҳатто устод Нурӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, ки одами хеле ботамкину вазнин буданд, аслан хоҳиши шунидани ин ҳарфро надоштанд. Гуфтанд, ки ҳамин музокираву мусолиҳаҳо моро дар Тоҷикистон шикаст дод. Гуфтанд, ки ин мардум ташнаи интиқом аст, монед, ки як бор интиқомашонро гиранд. Ошкор гапҳо ҳамин буд. Фармондеҳон ку аслан ин ҳарфро қабул надоштанд. Ва мо бо устод Ҳимматзода 38 рӯз дар Афғонистон мондем ва ҳар шабу ҳар рӯз бо устод Нурӣ дар ин бора сӯҳбат мекардем. Сӯҳбат мекардем ва аз Устод хоҳиш мекардем, ки ризоият диҳад, то мо музокиротро шурӯъ кунем.»

Оқои Тӯраҷонзода афзуд, ниҳоят дар рӯзи 38-ум устод Нурӣ ризоият доданд ва онҳо ба Теҳрон бозгаштанд, то ба музокирот омодагӣ бинанд.

ҲУКУМАТ

Иброҳим Усмонов, ки он замон мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар музокирот аз ҷониби ҳукумат ширкат дошт, гуфт, дар дойираҳои ҳукуматӣ ва фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ касоне низ буданд, ки на фақат ба шурӯъи музокирот мухолифат мекарданд, балки ба раванди музокирот низ халал мерасонданд. Вай афзуд, ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро Созмони милали муттаҳид ва Русия бештар ба сулҳ талқин мекарданд. Оқои Усмонов афзуд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба музокирот омодагӣ медид, зеро вазъ дар дохили кишвар хеле нигаронкунанда буд. Оқои Усмонов гуфт, робитаи минтақаҳои кишвар канда ва аз як минтақа ба дигарӣ имкони сафар кардан мавҷуд набуд: «Дар ҳар қадам постҳои гуногун буданд ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби мухолифат. Гурӯҳҳое буданд, ки ба ҳаёти осуда халал мерасонданд. Албатта, ин зарурати сулҳро ба вуҷуд меовард. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ давлат наметавонад дар ҳолате қарор дошта бошад, ки теъдоди зиёди аҳолиаш дар муқобили вай бо силоҳ дар дохилу ё хориҷи кишвар қарор дошта бошад. Албатта, инро ҳал кардан даркор буд. Ҳанӯз ноустувории ҳаёти дохилии мо мушоҳида мешуд. Дар зарфи чор соли аввал чор дафъа сарвазири Тоҷикистон тағйир ёфт. Ва ин муносибати умумии моро ба воқеаҳо ҳам ифода мекард. Вазъи моддӣ дар дохили кишвар душвор буд. Пул набуд. Россияе, ки ба мо пул ваъда карда буд, на ҳамеша пулаш ба мо мерасид. Аҳволи моддии мардум бисёр душвор буд ва хӯрокворӣ ҳам камӣ мекард."

Оқои Усмонов афзуд, дар сессияи охири декабри соли 1993 намояндагони парлумони вилояти Суғд бо нишони эътироз аз ҳукумат наомаданд ва зарурати овардани онҳо пеш омад ва дар ҳамон сессия изҳороти сиёсии ҳукумати Тоҷикистон дар бораи зарурати Қонуни Асосии нави кишвар нашр шуд.

"МАРДУМ"

Абдулазиз Раҳматов, ки он замон донишҷӯ буд ва дар шаҳри Душанбе ба сар мебурд, мегӯяд, зимистони солҳои 1993 ва 94 як даврони бесарусомонӣ дар пойтахт буд. Вай афзуд, мардум аз якдигар ҳарос доштанд, нақлиёт муназзам кор намекард: «Ҷавонон ба болои тролейбусҳо савор мешуданд, ки бо қувваи барқ ҳаракат мекард. Баъди дарс пеши мағозаву сехҳои нонбарорӣ шабҳо дар навбат меистодем, то як ё ду дона хлеб гирем. Одамон ташнаи сулҳ буданд, аммо касе дар бораи сулҳ ҳарфе намегуфт. Аввал ин ки ҳар кас пушти пайдо кардани як бурда нон буд, дуюм аз тарси қумондонҳо, ки мардумро дар азият гузошта буданд»

Вақте дар сатҳи роҳбарияти оппозитсион ва ҳукумати Тоҷикистон ихтилофот зиёд буданд ва мардуми кишвар дар гирдоби мушкилоти иқтисодӣ қарор доштанд, коршиносон мегӯянд, орзуву ормони сулҳ ҳарчанд дар ниҳоди мардум мешукуфт, аммо озодона дар ин маврид касе ҳарф намезад ва мавқеи ҷомиа дар баробари сулҳ калаванда буд.

Маҳмадулло Давлатов, коршиноси умури равоншиносӣ, ки он замон бо шаш фарзандаш дар Душанбе ба сар мебурд ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегуфт, мегӯяд, мардум миёни мавқеҳои ҳукумату оппозитсион мекалавид. Вай афзуд: «Вазъ аз ин ҳам мураккабтар буд. Агар мо ҳолатҳои алоҳидаро ҳолати умумӣ арзёбӣ кунем, хато мекунем. Дар шакли умум мардум воқеан як умеде доштанд. Аммо ҳолатҳои алоҳидае миёни доираву гурӯҳҳои алоҳида вуҷуд доштанд. Вазъ тарғиботи бештарро тақозо мекард. Ба назари ман, ин мардум мардуми калаванда буданд»

Ба ҳамин минвол, мардуми тоҷик - чӣ нируҳои оппозитсион ва чӣ ҳукумати вақт ором-ором ба санаи 5 апрели соли 1994 -- даври аввали музокироти сулҳи тоҷикон расиданд.
XS
SM
MD
LG