Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои асрори Толибон?


Гулнози Исфандиёрӣ Дар Афғонистон шахсе боздошт шуд, ки мегӯяд, дар куҷо будани раҳбари Толибонро медонад.

На танҳо хабари боздошти сухангӯи 26-солаи Толибон бо номи Муҳаммад Ҳаниф (Доктор Ҳаниф) ва ё Абдулҳақ Ҳоҷӣ Гулроз ва он ҳам боздоште ҳангоми убури марзи Покистону Афғонистон, балки бештар аз ин эътирофҳои ӯ дар бораи нақши Покистон дар умури Афғонистон, сарсадои зиёде эҷод карданд.

Наворҳои видеоии бозпурсии ӯ рӯзи чаҳоршанбе, пас аз як рӯзи боздошташ нашр шуданд, ки дар хонаи нимрӯшан нишастааст ва садояш нарм аст:

Вай мегӯяд, раҳбари Толибон, Мулло Муҳаммад Умар дар шаҳри Кветаи Покистон ба сар мебарад ва амнияти ӯро Хадамоти ҷосусии Покистон (ISI - Inter-Services Intelligence) таъмин мекунад. Ва меафзояд, раиси собиқи ISI Ҳамид Гул шахсест, ки толибонро сабақи ҳарбӣ медиҳад, то дар дохили Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, Ҳаниф иқрор кардааст, ки ошӯбгарон дар шаҳри Пешовари Покистон таълими ҳарбӣ мегиранд. Ин шаҳр дар сари роҳи қабоилест, ки одатан миёни Кобулу Исломобод дар ҳаракатанд.

Сайид Ансорӣ, сухангӯи Хадамоти ҷосусии Афғонистон мегӯяд: "Мавсуф эътироф кард, ки аз ҷумла мадрасаи Ҳошимия дар Пешовари Покистон ба як маркази умдаи тарбияи афроди интиҳорӣ табдил ёфтааст. Дар он ҷо як шустушӯи димоғӣ ба ҷавонон дода мешавад, то ки онҳо ба амалиёти интиҳорӣ ва ҷанг алайҳи Давлати исломии Афғонистон ва нирӯҳои эътилофи байнулмилалӣ гумошта шаванд."

Дар посух ба ин хабарҳо, мақомоти Покистон гуфтаанд, фардеро бо номи Доктор Ҳаниф намешиносанд ва ба гумон мекунанд, вай таҳти фишор ин гуна изҳорот дошта бошад.

Шавкат Султон, сухангӯйи низомии Покистон гуфт: "Шояд Муҳаммад Ҳаниф таҳти фишори зиёд гуфта бошад, ки Мулло Муҳаммад Умар дар шаҳри Квета ба сар мебарад. Ин изҳорот воқеъият надорад,"

Вале мақомоти Афғонистон мегӯянд, далеле надоранд, ки ба ин эътирофи намояндаи Толибон бовар накунанд. Эълони боздошти сухангӯйи эҳтимолии Толибон ва маълумоти ба мақомоти афғон додаи ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс дар Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай роҳҳои ҷилавгирӣ аз ошӯбҳо дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар нимаи дуввуми соли гузашта ҳамлаҳо дар Афғонистон афзоиш ёфта, сабаби ҳалокати садҳо нафар гардид. Гейтс ҳушдор медиҳад, ки ин ҳамлаҳо дар соли 2007 афзойиши бештар хоҳанд ёфт.

Мақомоти Афғонистон борҳо Покистонро айбдор кардаанд, ки дар ҷилавгирӣ аз убури мусаллаҳон ба дохили Афғонистон иқдоми ҷиддӣ намебардорад. Ва мегӯянд, Покистон ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG