Пайвандҳои дастрасӣ

Пайомадҳои барфбории шадид дар Рашт


МШ

Як садамаи автомобилӣ дар ду километрии шаҳраки Ғарм як нафар кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт. «Жигули» бар иллати яхбандии роҳ аз масир хориҷ ва ба фалокат дучор шудааст.


Ин дар мавридест, ки барфрезии шабонарӯзи ахир равуои нақлиёт дар ҷодаҳои тамоми шарқи Тоҷикистонро мушкил гардонидааст. Вазъи роҳ дар ҷодаҳои Файзободу Нуробод низ нохуб арзёбӣ мешавад. Чанд нафар ронандаҳои «Камаз» ба радиои Озодӣ гуфтанд, ба иллати руфта нашудани барф дар роҳҳо онҳо бо мушкилоти зиёд ба Рашт расиданд ва то чанд рӯзи дигар дар ин ҷо хоҳанд истод.


Ин дар ҳолест, ки идораи роҳсозии Рашт мегӯяд, дар чанд хатсайрҳои аслӣ чанд дафъа роҳҳоро аз барф тоза кардаанд.


Барфрезии шадид ва сармои ахир ба кори таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонидааст. Ба гуфтаи масъулини маорифи Рашт, ба иллати дар дури 3-4 километр воқеъ будани баъзе макотиби деҳот дар чунин рӯзҳо фарогирии хонандаҳо ба дарс мушкил аст.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG