Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абад ба қотили навраси 15-сола


Додгоҳи олии Тоҷикистон Қосимов Насимҷон як сокини ноҳияи Ҳисорро ба ҷурми гаравгонгирӣ ва қатли як навраси 15 - солаи сокини ҳамин ноҳия ба ҳабси абад маҳкум кард.


Қосимов Шерзод, ки ба тайиноти додгоҳ ӯ низ дар гаравгонгирии мазкур ва қатли Фаррухҷони Раҳматулло муҷрим шинохта шуд, ба далели ноболиғи 13 сола буданаш танҳо ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.


Бино ба маълумоти мақомоти тафтишотӣ ва таъйиди Додгоҳи олии Тоҷикистон, бародарзодаҳо Насим ва Шерзод Қосимовҳо ба нияти тамаъҷуӣ ва руйондани пул аз падари Фаррухҷон ӯро ба гарав бурда ва дар санаи 17 марти соли 2006 қатл кардаанд. Ин ду нафар дар 25 марти соли 2006 шаш боздошт шуданд.


Ба гуфтаи мақомоти додгоҳи олии Тоҷикистон, аз ибтидои сол то кунун ин саввумин мавриди судури ҳукми абад аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG