Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди номзадии Феликс Қулов ба мақоми нахуствазирӣ


va

Рӯзи чоршанбе парламенти Қирғизистон номзадии Феликс Қуловро ба мақоми нахуствазири ин кишвар ба тасвиб нарасонд.


Дар маросими раъйдиҳӣ, ки ба таври пӯшида сурат гирифт, 65 вакили порлумон ширкат намуд ва таносуби овозҳо 23 дар муқобили 39 ба зарари Феликс Қулов буд. Ин дар ҳолест, ки номзадии Қуловро ба ин мақом президент Боқиев пешбарӣ намуд ва баъди баррасӣ дар кумитаҳои порлумон аъзои ин кумитаҳо аз номзадии Қулов ҷонибдорӣ карданд. Барои ба мақоми нахуствазир ноил шудани оқои Қулов мебоист 38 вакили порлумон аз номзадии ӯ тарафдорӣ мекарданд.


Иддае аз вакилон Қуловро ба мақоми нахуствазири кишварашон номзади муносиб арзёбӣ карданд ва аз ҳамтоёни худ даъват намуданд, ки аз номзадии вай ҷонибдорӣ кунанд. Аз ҷумла, Мелис Эшимхонов, яке аз намояндагони мухолифин гуфт, ки ба дасисабозиҳо алайҳи Феликс Қулов бояд хотима дод ва аз номзаде, ки президент ба ин мақом пешбарӣ кардааст, ҷонибдорӣ кард.


Аммо Азимбек Бекназаров, узви маҷлис ва яке аз намояндагони мухолифин аз худи Қулов хост, номзадишро бозпас бигирад. Интизор меравад, ки президент Боқиев бори дигар номзадии Қуловро ба миён гузорад. Аммо мувофиқи қонун «Дар бораи ҳукумат» номзадии як шахс ду бор ба ягон мақом пешбарӣ шуда наметавонад.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG