Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъбасти сол ва мукофот ба беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон


Ин нукта дар гузориши солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд. Раиси ин кумита Давлаталӣ Саидов дар як нишасти матбуотӣ рӯзи чоршанбеи 17 январ, минҷумла ба хабарнигорон гуфт: «Тоҷикистон дар ин бозиҳо аз 21 кишвари қораи Осиё пеш гузашта, дар мақоми 24-ум қарор гирифт. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон пас аз Қазоқистон ва Узбакистон ҷойи севвумро ишғол кард. Вале ин натиҷа моро қаноатманд намекунад, зеро дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар ба истиснои гурзандозӣ, бокс, гуштии дзюдо ва таэквон-до, варзишгарони мо дар дигар риштаҳои варзиш натоиҷи назаррас ба даст наоварданд.»

Наргис Набиева, сардори раёсати варзиши кумитаи мазкур ба радиои Озодӣ иброз дошт, ба иллати камбуди маблағ варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ хеле кам ширкат карданд ва ин камтаҷрибагӣ ба намояндагони бисёр риштаҳои варзиш имкон надод, ки дар Бозиҳои Осиёӣ муваффақ шаванд.

Ҳамчунин рӯзи чоршанбеи 17 январ дар қароргоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар маросими ҷамъбасти соли 2006 беҳтарин варзишгарони тоҷик, минҷумла қаҳрамонони Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар - гурзандоз Дилшод Назаров ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов, барандагони медалҳои биринҷии ин бозиҳо гуштигир Расул Боқиев ва таэквондочӣ Шокирҷон Раҷабов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг ва қаҳрамони Осиё дар риштаи таэквон-до ITF Далер Сайфиддинов, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо Пӯлодҷон Солеҳов, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гурзандозӣ Галина Митяева ва дигарон бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG