Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳ. Умаров: "Роғунро худамон ҳам сохта метавонем"


Мусоҳибаи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод бо доктори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров

АҚ: Бо гузашти се сол аз замони имзои созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим оғоз нашуданд. Сабаб чӣ буд, ки бо ин ҳама хушбиниҳои мақомоти Тоҷикистон ва изҳори омодагиҳо аз сӯи ширкати РусАл, ки сохтмони ин нерӯгоҳро ба анҷом мерасонд, ҳеҷ таҳаввуле дар сохтмони нерӯгоҳ мушоҳида намешавад. Ва афзун бар ин имрӯзҳо сарусадоҳои зиёде дар байни мардум паҳн шудааст, ки ширкати РусАл ин корро ба анҷом намерасонад. То кадом андоза шартномаи ба имзорасида миёни ин ду кишвар дар октябри соли 2004 ба вазъият ва воқеият мувофиқ буд?

ҲУ: Агар шумо ба хотир дошта бошед, шартномае, ки миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 ба имзо расид, шартномае буд, ки хусусияти ногаҳонӣ дошт. Се ё чаҳор моҳ пеш аз имзо шудани ин шартнома касе аз коршиносон ё ҳатто ҳукумати Тоҷикистон, касоне, ки бо васоити ахбори умум сарукор доштанд, тамоман намедонистанд. Ва сабаб дар он аст, ки ин шартнома бештар хусусияти геополитикӣ дошт. Ва ин даврае буд, ки мавқеъи Русия дар Осиёи Марказӣ хеле суст шуда буд ва Русия мехост, ки мавқеи худро дар ин минтақа қавӣ гардонад. Дар ин ҷо сухан на танҳо аз суст шудани мавқеи Русия дар Тоҷикистон меравад, ки сарҳадчиёни рус аз марзҳои Тоҷикистон берун мешуданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи тамоми минтақа меравад. Ҳамин шартнома бояд на танҳо мавқеи Русияро дар Тоҷикистон мустаҳкам мекард, балки як василаи фишороварӣ ба истеъмолкунандагони об, ба истеъмолкунандагони потенсиалии барқ, ки дар поёноби Амударё воқеъанд, яъне дар Ӯзбакистон, Туркманистон ва қисман Қазоқистон буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ва фишоре, ки тавассути ҳамин шартнома ва хусусан ба Ӯзбакистон ва ба Туркманистон оварда шуд, баъзе натиҷаҳои мусбат барои Русия овард. Шумо имрӯз медонед, ки муносибати Ӯзбакистон, ки хеле гарданшах буд, ҳоло бо Русия чӣ гуна аст. Русия ба паноҳгоҳи ягонаи Ӯзбакистон табдил ёфт. Аз ин нуқтаи назар маълум буд, ки шартнома хеле сарсемавор имзо карда шудааст. Бисёр ҷиҳатҳои амалӣ гардонидани он пешакӣ мавриди гуфтушунид қарор нагирифта буданд ва ин гуфтушунидҳо баъд ба вуқӯъ омаданд. Ва маълум шуд, ки мавқеъҳо хеле гуногун ва мухталиф мебошанд.

АҚ: Ишора кардед, ки он замон мавқеи геополитикии Русия дар минтақа маҳдуд шуда буд. Аз сӯи дигар, бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки то имзои ин аснод равобити ин ду кишвар низ ба сардӣ гароида буд. Ва махсусан барои ҳукумати вақти Тоҷикистон ва барои ҷаноби оқои Раҳмонов, ки дар арафаи ду интихобот:- ҳам интихоботи парламентӣ ва ҳам интихоботи президентӣ қарор дошт, ба даст овардани ризоияти Русия муҳим буд, ҳамчун шарики стратегӣ, ки аз имконоти зиёди таъсирасонӣ ба фазои сиёсии кишвар бархурдор аст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред, ки оё барои худи Раҳмонов ҳам имзои чунин шартномаҳо муҳим ва муфид набуд?

ҲУ: Манфиатҳои интихоботӣ аз ҷумла интихоботи президентӣ дар ин ҷо як нақши муайян бозиданд. Баъзе аз тадқиқотҳои сосиологӣ нишон медиҳанд, ки умуман мардуми тоҷик бештар ба Русия таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамон муносиботе, ки дар даврони Шӯравӣ буд, ҳамон инерсия омода истодааст. Ва мардум имрӯз хуб медонанд, аз таҷрибаи шӯравӣ, ки агар бо Русяи якҷо бошанд, эҳтимол зиндагии онҳо беҳтар шавад ва ғайра. Ба ғайр аз ин, дар ин ҷо муҳоҷирати меҳнатии беруна низ муҳим мебошад ва онро ба назар гирифтан ҳам даркор аст. Ва агар муносиботи Тоҷикистон бо Русия беҳтар намешуд, ба маъракаи пеш аз интихоботии президент эҳтимоли Раҳмонов зарар расониданаш вуҷуд дошт.

АҚ: Инак сохтмони Роғун шурӯъ нашуд. Чӣ пешниҳод мекунед дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон пешниҳод мекунанд, ки бигзор корхонаи арзизи Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шавад ва аз маблағи ба даст омада нирӯгоҳи Роғун сохта шавад. Ин коршиносон бар ин назаранд, ки азбаски ин нирӯгоҳ як иншооти аҳамияти стратегӣ дошта мебошад, набояд, ки онро бо маблағ ва сармояи кишвари дигар сохт ва бо вай ҳисса кард.

ҲУ: Назари ман нисбати хусусигардонӣ яъне фурӯхтани корхонаи арзиз ба аҷнабиён комилан манфӣ аст. Ман алайҳи чунин тарзи хусусигардонии ин корхона ҳастам. Ва албатта ба ақидаи коршиносоне ,ки гуфтед, розӣ шуда наметавонам. Лекин нисбат ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун тарафдори ин ақида ҳастам. Гумон мекунам, ки мо бояд дар ин ҷо як алоқамандии зичро ҷустуҷӯ накунем. Зеро ин масъалаҳоро ба таври мустақил имрӯз имконияти ҳал кардан вуҷуд дорад. Агар сухан дар бораи ба аҷнабиён корхонаи арзиз равад, онгоҳ аз назар манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ва аз назари манофеи иқтисодии тамоми халқи тоҷик, яъне манфиатҳои миллӣ ин корро кардан мумкин нест. Барои он ки аҷнабиён мехоҳанд, корхонаро харанд, фарз кардем РусАл ва дар инҷо танҳо арзизи хом истеҳсол кунанду онро барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ бароваранд. Агар ба изҳороти гуногуни роҳбарони РусАл Дерипаска ва Булича диққат дода бошед ҳеҷ гоҳ дар бораи вусъат додани доираи коркарди арзиз дар Тоҷикистон ҳарф назаданд. Ва вақте чунин суолҳо ҳам пеш омад, онҳо ба ин суолҳо посух надоданд. Ба ақидаи манн, имрӯз дар як давраи муайян, лекин дар давраи барои мисол бист то сӣ сол бояд корхона дар дасти ҳукумати Тоҷикистон бошад, бояд корхона корхонаи давлатӣ бошад. Баъдтар вақте тоҷикони соҳибкор, яъне соҳибкори ҳақиқии тоҷик ба вуҷуд омад, албатта давоми ин муддат чунин афрод пайдо хоҳанд шуд, соҳиби ҳаққии сармоя ва ашхосе, ки сармоядор ҳастанд ва дар бозори ҷаҳонӣ қобилияти рақобат доранд ва тамоми бозори ҷаҳониро ба монанди панҷаҳои дасташон медонанд. Вақте чунин соҳибкорон ба вуҷуд омаданд, он гоҳ масъалаи хусусигардонии корхонаро ба миён гузоштан мумкин аст. Ва дар атрофи корхона бояд як квастери истеҳсолӣ ба вуҷуд ояд. Квастер маънои онро дорад, ки як доираи торафт афзояндаи корхонаҷоте ба вуҷуд меояд, ки онҳо ба азнавкоркунии ҳамин ашёи хом машғул мешаванд. Ва ба тадриҷ хати болоравии коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр рафта мерасад. Яъне то ба маводи тайёр рафта мерасад.
Масалан дар наздикии шаҳри Искандарони Туркия корхонаи арзиз фаъолият мекунад. Ин корхона ҳудуди 170 ҳазор тонна арзиз тавлид мекунад. Корхонаи мо тибқи нақша имсол бояд аз 400 ҳазор тонна бештар алюминийи хом истеҳсол кунад. Аммо мо то ҳол ба маблағи 500 миллион доллар арзиз нафурӯхтаем, аз ин корхонаи азим. Аммо дар кавстере ,ки дар атрофи Искандарон вуҷуд дорад якҷо бо корхона дар атрофи якуним то ду миллиард доллар ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулот мебароранд. Ақаллан аз ним зиёдтари арзизи хом дар Тоҷикистон коркард шавад ва ба бозори ҷаҳонӣ содир шавад он гоҳ боварии қаввӣ дорам, ки ҳаҷми умумии фурӯши чунин маҳсулот аз ҳаҷми имрӯзаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёдтар хоҳад шуд.


АҚ: Он чи ки коршиносон пешниҳод мекунанд аз маблағи фурӯши корхонаи арзиз нирӯгоҳи Роғун сохта шавад онҳо далел меоваранд, ки ҳамин ҳоло корхона хеле судовар нест, зеро корхона бо нархи арзон нируи барқи кишварро истеъмол мекунад, баъдан маоши кормандони он дар муқоиса бо корхонаи мушобеҳи дунё дар сатҳи поин қарор дорад ва дар ду соли ахир барои корхона имтиёзоти зиёде дода шудааст аз ҷумла аз пардохти чанд навъи молиёт озод шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин нукот мегӯянд, ки агар як ширкати хориҷӣ ё дохилӣ, ки корхонаро мехарад муваззаф аст, ҳама муносиботро аз хариди барқу воридоту содироти ашё то маоши кормандони он дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ кунад бар манфиати мардум хоҳад буд.

ҲУ: Гумон мекунам, ки ба ин суол ҷавоб додам. Фақат дар ин ҷо гуфтанӣ ҳастам, ки албатта он вариантеро дар назар дорам, ки аз фасод озод бошад. Яъне шаффофиятро дар назар дорам. Дар корхонаи арзизи Тоҷикистон то имрӯз шаффофият вуҷуд надорад. Масалан мо намедонем, ки барои чӣ ин корхона танҳо дар соли 2006 фоида гирифтааст, ва то соли 2006 ин корхона зиёновар буд. Барои чӣ дар сурате, ки корхона бо тарифҳои арзонтарин барқ мегирад, вақте сатҳи музди кори корхона нисбат ба корхонаҳои дигари арзизе, ки дар фазои баъди советӣ амал мекунанд , пасттар мебошад ва дар сурате, ки имтиёзҳо низ вуҷуд доранд, махсусан дар пардохти андоз боз ин корхона зарар медидааст ё зиёновар будааст.
Ба шумо дар бораи яке аз чунин корхонаҳо, ки дар Арманистон вуҷуд дорад, гуфтанӣ ҳастам, ки нисбат ба корхонаи мо пештар бунёд шуда буд. Ва техноложии корхонаи арзизи Арманистон дар муқоиса бо корхонаи мо пасттар буда музди кор баландтар аст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ин корхона барқро аз корхонаи барқи ҳастаӣ бо нархи қиматтар мехарад. Бо ин вуҷуд ин корхона фоидаовар аст. Аз ин нуқтаи назар хеле хуб мешуд, ки Оҷонсии нави ташкилшуда, ки роҳбариашро Шерхон Салимов ба ӯҳда гирифт, ба ин масъала дурусттар машғул шавад. Ва бояд дар вақтҳои наздик дар қонун дар бораи сирри давлатӣ тағйироти ҷиддӣ ворид карда яъне дар бораи махфӣ будани иттилоот дар бораи тавлид ва фурӯши алюминий аз ин қонун хориҷ шавад. Ва бояд ҷомиаи Тоҷикистон ҳамаи ҳаракатҳое, ки дар атрофи корхонаи арзиз мешавад ё хоҳад шуд, ҳаркатҳои ҳукумат, ҳаракатҳои афроди алоҳида, фаъолияти худи корхона, фаъолияти кадрҳои корхона , фурӯши маҳсулот ва манфиати аҷнабиҳо ва ғайра бояд ҳамаи ин мавриди иттилооти номаҳдуд қарор гирад. Яъне шаффофият пурра таъмин карда шавад. Он касоне, ки ин корхонаро ба манбаи бойшавӣ қарор додаанд ва қарор доданианд, бояд муҷозот шаванд, агар албатта чунин далоил ошкор карда шавад.


АҚ: Ба назари шумо дар ин сурат чӣ гуна метавон ниругоҳи Роғунро сохт бидуни ширкат додани кишвари дигар?

ҲУ: Чунин имконият ҳоло дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Изҳороти президент Раҳмоновро дар ин замина ба хотир оред, ки ӯ гуфт Тоҷикистон метавонад ин корхонаро худаш бисозад. Ва ҳамин изҳорот асос ҳам дорад. Барои он ки як бештар аз миллиард долларе, ки дар ин кор масраф шавад, он дар муддати як сол ба истифода дода намешавад. Ин корхона дар давоми панҷ-шаш сол сохта мешавад. Ва ҳатто бештар. Бовар дорам, ки дар соли 2015 ҳам ин корхона пурра амал нахоҳад кард. Барои он ки якум, худи сохтмони сарбанд ва ба кор андохтани агрегатҳо вақтро талаб мекунанд. Дар соли якум дар қисмати танги мавқее, ки ниругоҳи Роғун бунёд мешавад дар ин ҷо сад- садупанҷоҳ миллион доллар харҷ карда шавад, албатта ду агрегат ба кор медарояд. Ва ҳамин ду агрегат ба кор даромада метавонад, ки пул кор кунад. Пули ба даст омадаро метавон барои сохтмони баъдии корхона истифода кард, яъне яксумеро , ки имрӯз меояд метавон барои оянда масраф кард. Ҳамон пули аввал яъне ҳамон сад садупанҷоҳ миллион долларе, ки ман дар бораи он инҷо гуфтам. Ҳамин гуна пул вуҷуд дорад.
Шумо аз расонаҳо огаҳ шудед, ки раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт, ки муҳоҷирини тоҷик солона аз ин кишвар бештар аз ду миллиард доллар ба кишварашон мебаранд. Бояд, ки ҳамаи он пуле, ки ҳамчун андухт дар рӯзгори мардум дошта мешавад, ба банкҳо ворид шаванд. Ва банкҳо ё ҳукумати Тоҷикистон тавонад, ки кафолат диҳад ,ки ҳамин пулҳо дар ин ҷо меистанд ва ба соҳибони худ даромад оварда метавонад .Дар он сурат агар ҳам ҳукумати Тоҷикистон ҳам бонкҳои Тоҷикистон хубтар амал кунанд ва албатта дар ин кор васоити ахбор ба онҳо кӯмак расонанд ба бонкҳо ҷамъ кардани панҷсад-шашсад миллион доллар ва истифодаи онҳо ҳамчун қарзҳои дарозмуддат чандон душворие надорад. Ва банкҳои Тоҷикистон метавонанд ҳамчун манбаъи маблағгузорӣ барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун хидмат кунанд. Ва як тин дар ин маврид мо аз берун қарз нагирем. Ва сохтмони ин ниругоҳ аз ҳисоби васоити молиявии худи Тоҷикистон ва халқи тоҷик амалӣ гардад.
Масалан, Дерипаска хеле хавотирӣ дошт, хусусан баъди вохӯриаш бо Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон, ки бунёди Роғун боиси тезутунд шудани муносибатҳо дар минтақа мегардад ва ғайра дар ин ҷо ман бояд бигӯям, ки пиряхҳои Тоҷикистон, барфҳои Тоҷикистон оби дарёҳои Тоҷикистон ин сарвати миллии Тоҷикистон аст ва касе ҳуқуқ надорад, ки ба тарзи истифода бурдани ин бойигарӣ дахолат кунад:- на Ӯзбакистон,на Туркманистон на Русия ва на ягон кишвари дигар. Мо бояд ҳам ниругоҳи Роғун, ҳам ниругоҳи Шӯроб ва ҳам ниругоҳҳои дигарро бояд бидуни маслаҳат ва машварати дигарон ҳал кунем ва нигоҳ ҳам накунем, ки чиҳо мегӯянд. Зеро об оби мо аст. Ва дар ниҳояти кор танзими оби Вахш, оби Панҷ ва умуман оби Амударё дар қаламрави Тоҷикистон ин ба манфиати он ҳамсояҳое ҳам ҳаст, ки дар поён ҷогир шудаанд, ба манофеи онҳо низ мувофиқат мекунад. Сухан дар бораи он аст, ки бархе аз ҳамсояҳои Тоҷикистон намехоҳанд, ки қудрати иқтисодии Тоҷикистон зиёд бошад. Намехоҳанд дар паҳлуи онҳо як давлате бошад, ки таърих аз они онҳо аст, иқтисодиёт ҳам аз они онҳо шавад.
XS
SM
MD
LG