Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Майли нави Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ


Маълум нест, ки аснои боздид аз Чин комиссари равобити берунаи Иттиҳодияи Аврупо хонум Бенита Ферреро-Валднер дар Пекин бо ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард ё не? Вале дар ҳар сурат мансабдори воломақоми аврупоӣ бар ин ақида аст, ки сарфи назар аз нигарониҳои аз вазъи ҳуқуқи башар дар мамолики Осиёи Марказӣ Иттиҳодияи Аврупо бояд барои беҳбуди равобит бо кишварҳои ин минтақаи саршор аз нефту газ талош варзад. Ба гуфти Ферреро-Валднер комиссияи аврупоӣ дар ҳамоҳангӣ бо раҳбари даврии ин Иттиҳодия: Олмон стратегияи умумӣ барои Осиёи Марказиро баҳс дорад. Номбурда мегӯяд: Агар Иттиҳодияи Аврупо ин корро анҷом надиҳад, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ зери нуфузи бештари Русияву Чин қарор мегиранд. Ферреро-Валднер меафзояд: "Ба фикрам ин ҷо танҳо масъалаи замонати захираҳои маводи сӯхт матраҳ нест, ба раванд ҳамроҳ намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим мебошад. Агар мо онҳоро ба ҳамкорӣ ташвиқ накунем, кишварҳои минтақа сӯи Шарқ: сӯи Русияву Чин чарх мехӯранд. Ба ақидаи ман муҳим аст, ки онҳо ба Аврупо ҳам тамоюли ҷиддӣ нишон диҳанд".

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ташвиш доранд, ки кишварҳои аврупоӣ дар ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии маводи сӯхт вазъи ҳуқуқи башар ва ислоҳоти демократии кишварҳои Осиёи Марказиро фаромӯш хоҳанд кард. Аммо комиссари равобити берунаи комиссияи Аврупоӣ ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд: "Дар ҳақиқат, ман нигарониҳои баъзе гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз вазъи Осиёи Марказиро мефаҳмам. Соли 2000-ум вақте ман раҳбарии даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро бар дӯш доштам, барои авввлин бор Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Дар айни замон ба ақидаи ман мо наметаонем, имкон диҳем, ки ин кишварҳо ба шарикони дигари мо гараванд."

Ферреро Валднер таъкид мекунад, ки дар ҷараёни таҳкими ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ Иттиҳодияи Аврупо хоҳад тавонист, ки дар фазои муносиб нигарониҳои амниятиро ба гӯши мақомоти ин кишварҳо расонад.
Дар ин масъала шореҳи умури Осиёи Марказӣ Метю Клименс аз пажӯҳишгоҳи Ҷейнз стратегики Лондон мегӯяд, мамолики ғарбӣ тамаркуз ба Осиёи Марказиро гум кардаанд: "Кӯшишҳои мамолики ғарбӣ дар ин минтақа пароканда ҳастанд. Ба фикрам афзоиши ошӯбҳои Ироқ таваҷҷӯҳи ИМА-ро бештар ҷалб намудааст. Баҳс ин ҷост, ки дар амал сиёсати ягонаи Иттиҳодияи аврупо дар ин масъала вуҷуд надорад. Ҷолиб аст бубинем, ки чӣ ташаббусе дар миён гузошта мешавад ва он кадом паҳлуҳоро дар бар мегирад".

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ шореҳи мустақил Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба ҳузури нерӯҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон нефту гази зиёд надорад, вале ҳамчун пойгоҳе дар ҷанг бо терроризм хидмат мекунад.

Баъзе шореҳон нигаронӣ доранд, ки Олмон бо истифода аз мақоми раҳбари даврӣ дар стратегияи Иттиҳодияи Аврупо роҳи ба истилоҳ "реалполитик"-ро пеш мегирад. ДАр асри 19 кантслери онвақтаи Олмон Отто фон Бисмарк мафҳуми "дипломатия на барои орзуву ормон, балки барои манфиат"-ро ҷорӣ намуда буд. Соли гузашта Олмон бар зидди тақвияти таҳрими Узбакистон садо баланд карда, дар интихоби раиси даврии САҲА дар соли 2009-ум аз номзадии Қазоқистон пуштибонӣ карда буд. Аммо таҳлилгарони дигар мегӯянд, дар масъалаи Осиёи Марказӣ ба "реалполитик" моил намудани 26 кишвари боқимондаи Иттиҳодияи осон нахоҳад буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG