Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари озод нест?


Ню-Йорк Никола Крастев Созмони Freedom House ваё Хонаи Озодӣ гузориши солонаи худ дар бораи вазъи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар кишварҳои оламро нашр кард

Аз нигоҳи Freedom House, яке аз таҳаввулоти соли сипаришуда - афзудани монеъагузорӣ дар роҳи созмону ҷунбиш ва расонаҳои хабарие буд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократиро таҳти назар доштанд. Талошҳои пайваста барои коҳиши нуфуз ваё аз байн бурдани неруҳои демократӣ дар ҳама режимҳои худкомаи Шӯравии собиқ ба мушоҳида мерасад. Крис Уолкер - яке аз муаллифони гузориш мегӯяд, намунаи ин фишору таъқиб Русия аст, ки он ҷо соли гузашта низ талоши буғӣ кардани расонаҳои мустақил идома ёфт.

Тайи соли 2006 ум ба он расонаҳое таваҷҷуҳи беандоза зоҳир шуд, ки бо вуҷуди заифӣ метавонистанд афкори алтерантивии Кремлро иброз намоянд. Як вижагии расонаҳои хабарии Русия дар соли 2006 ум ин буд, ки нашрияҳое аз қабили "Новая газета", "Независимая газета" ва "Коммерсант" бо ин ё он васила ё таҳти нуфуз ваё мавриди хусусигардонии муассисаҳои наздик ба Кремл қарор гирифтанд.

Аз нигоҳи Крис Уолкер, ба ин васила ҳукумати Русия раҳро барои интихоботии парлумонии соли равон ва интихоботи раёсатиҷумҳур дар соли 2008 ҳамвор мекунад. Ӯ меафзояд, дар пайравӣ аз Маскав бархе аз кишварҳои узви ҷомеъаи Муштаракулманофеъ низ дар роҳи аз байн бурдани дигарандешӣ гомҳое бардоштаанд.
Freedom House кишварҳоро ба се бахш - озод, қисман озод ва ноозод қисмат карда, вазъи озодиҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро дар алоҳидагӣ бо холҳо муқаррар кардааст. Freedom House ба кишварҳои озод як ва ду хол, ба кишварҳои қисман озод - аз се то панҷ хол ва ба кишварҳои ноозод шаш-ҳафт хол баҳо гузоштааст.
Ба гуфтаи Крис Уолкер, чун солиёни пеш Туркманистон ва Узбакистон ҳамроҳ бо Куриёи Шимолӣ, Куба ва Либиё баҳои аз ҳама пасти озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ - ҳафт холиро соҳиб шудаанд. Ӯ меафзояд, аз ҷумла, вазъ дар Узбакистон аз соли 2005 ба ин сӯ тағйир нахурдааст - баъд аз ҳаводиси хунини Андиҷон фишору таъқиб болои дигарандешон ба карат афзоиш ёфт. Қазоқистон - дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо захоири бузурги нафту газ аз доротарин давлатҳои минтақа маҳсуб мешавад, низ ба феҳрасти мамолики ноозод шомил аст, зеро ба гуфтаи Крис Уолкер, дар ин кишвар озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шудаанд ва расонаҳои хабари мустақил таҳти фишор қарор доранд.
Ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки ба феҳрасти кишварҳои қисман озод шомил шудааст - Қирғизистон аст. Крис Уолкер мегӯяд, дар ин ҷумҳурӣ таҳаввулоти сиёсӣ идома дорад ва аммо натиҷаи ниҳоӣ то ҳол рушан нест:

Мавзӯъи аслие, ки мо дар Қирғизистон дар давоми соли гузашта мушоҳида кардем, ин муборизаи воқеӣ барои ислоҳот буд. Баъд аз ҳаводиси баҳори соли 2005 (тағйири ҳукумат дар Қирғизистон) талошҳо барои пиёда кардани ислоҳот дар кишвар афзоиш ёфт.

Ва аммо вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Freedom House ба озодиҳои сиёсӣ дар кишвар 6 хол ва ба озодиҳои шаҳрвандӣ панҷ хол гузошта Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ноозод шомил кардааст. Тоҷикистон миёни давлатҳоест, ки мардумашон аз озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ бархурдор нестанд, созмонҳои байнулмилаливу ғайриҳукуматӣ ва расонаҳои мустақили хабарӣ таҳти фишор қарор доранд. Тайи ду соли ахир намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ба ҳамлаи расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва нашрияҳои электронӣ мувоҷеҳ шуд - дар ин матолиб гуфта мешуд, ки Бунёди Сорос мехоҳад дар Тоҷикистон инқилоби ранга доир кунад. Ҳанӯз як сол қабл аз интихоботи раёсатиҷумҳур чанд нашрияи озод, аз ҷумла, "Неруи сухан" ва "Одаму олам" ва чопхонаҳое, ки ин расонаҳо ба табъ мерасиданд, мавриди тафтиши густардаи мақомоти андози кишвар қарор гирифта оқибат баста шуданд Бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ соли гузашта таҳти фишори сангин қарор доштанд.
Дар маҷмӯъ, ба гузориши Freedom House соли 2006 ум вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар ҷаҳон нисбати ба як соли пеш тағйир хурдааст. Ба феҳрасти кишварҳои озод 90 давлат шомил шудааст, ки дар онҳо 46 дар сади аҳолии олам ба сар мебаранд. 58 кишвар бо 17 дар сади аҳолии дунёро Freedom House қисман озод арзёбӣ кардааст. 37 дар сади мардуми олам - сокинони 45 кишвари мустабид, аз озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ бархурдор нестанд.
XS
SM
MD
LG