Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайванди ногусастании озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ


Никола Крастев Бунёди Мерос ва рӯзномаи Уолл Стрит Ҷорнел дар гузориши нави худ таҳти унвони Шохиси озодиҳои иқтисодӣ гуфтаанд, ин озодиҳо бо озодиҳои сиёсӣ ва эҳтроми ҳуқуқи инсон робитаи мустақим доранд ва равиши ҳар мамлакатро муайян мекунанд.

Дар гузориши тоза 157 кишвар аз рӯи даҳ намуди озодиҳои иқтисодӣ -- аз ҳаҷми молиёт гирифта то ҳуқуқ ба моликият -- баҳогузорӣ шудаанд. Тибқи он, Ҳонг Конг, Сингопур ва Австралиё соҳиби озодтарин иқтисодиётанд. Иёлоти Муттаҳида ҷойи чорумро гирифтааст. Иқтисодиёти Либия, Куба ва Кореяи Шимолӣ ноозодтарин ном гирифта, Тоҷикистон дар ҷойи 98-уи (дар миёни 157 кишвар) қарор дорад ва аз ҳамсоягонаш -- Ӯзбакистон (ҷойи 132-юм) ва Туркманистон (ҷойи 152-юм) хеле болост. Ҳатто аз Русия низ, ки дар ҷойи 120-ум аст. Аммо Қазоқистону Қирғизистон, ҷойҳои мутаносибан 75-у 79 -- хеле поинтар. Хабарнигори радиои Озодӣ дар Ню Йорк Никола Крастев аз пажӯҳишгари аршади Бунёди Мерос, Дониелло Маркҳейм пурсид, оё миёни озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ пайванди мутақобилае вуҷуд дорад?

"Ин ҷо пайванди ба дараҷаи кофӣ қавие ҳаст миёни афзоиши озодиҳои иқтисодӣ ва рушди озодиҳои сиёсӣ. Агар шумо ба мардум василаҳое бидиҳед, ки худашон битавонанд, дар мавриди зиндагии худ тасмимгирӣ кунанд, аз ӯҳдаи худ бароянд, манзил ва касби онҳо барояшон боаҳамият мешавад, зеро ба чизе табдил меёбад, ки рифоҳи онҳоро тағйир медиҳад. Ва ҳар қадар ки одамон инро хубтар дарк кунанд, онро ҳимоят кунанд, таваҷҷӯҳи онҳо ба ислоҳоти сиёсӣ ва манфиати онҳо дар ислоҳот бузургтар мешавад ва онҳо аз чунин ислоҳот ҳимоят мекунанд. Ба фикрам, дар тӯли вақт як пайванди мусбате байни ду навъи озодиҳо ба миён меояд."

Дар бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ ва Аврупои Шарқӣ озодиҳои иқтисодӣ каманд. Ба фикри Шумо, ин ҳолат оё баёнгари чӣ буда метавонад?

"Барои бисёре аз онҳо, махсусан дар Аврупои Шарқӣ, вазъ душвор аст, зеро онҳо бо фасод дастбагиребонанд, бо мушкилоти боз кардани ширкат ё корхона, бо вуҷуди қонунгузориҳои зиёд, дахолати ҳукумат, ҳузури ҳукумат дар иқтисодиёт зиёд аст ва инҳо омилҳое мебошанд, ки ба натиҷаи умумӣ таъсир доранд ва вазъиятро каме мушкил намудор мекунанд. Аз сӯи дигар мо низоми арзишдиҳиро иваз кардем, ба низоми аз сифр то сад гузаштем ва манзара рӯшантар шуд. Дар қиёс бо кишварҳои дигар рӯшантар шуд, ки ин сиёсатҳо ба ҷойгоҳи кишвари муайян дар манзараи ҷаҳонӣ чӣ асар мегузоранд."

Вале оё дар миёни фасод, ки шумо гуфтед, ба маънои коррупсия, дар миёни фасод ва вазъи озодиҳои иқтисодӣ дар ин ё он кишвар пайванде вуҷуд дорад?

"Фасод як мушкили бунёдист. Он ба ҳамаи ҷанбаъҳои ҳаёти иқтисодӣ таъсир мерасонад. Ва агар шохиси он поинтар аст, ба баҳои куллӣ таъсир дорад, зеро марбут мешавад ба дастрасии мардум ба қарзҳои боимтиёз, хариду фурӯши мол, ёфтани ҷойи кор, хулоса ба ҳамаи чизе ки фасод ба онҳо таъсири зиёд дорад. Бар замми ин он ба низоми нархгузорӣ, арзиши мол, ва ҷасъан сиёсатҳои иқтисодӣ таъсир мекунад. Биноан, аз нигоҳи ман, миёни афзоиши фасод ва коҳиши озодиҳои иқтисодӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад. Ҳар қадар ки фасод зиёд бошад, озодӣ камтар мешавад ва куллан ба тавонмандии ин кишварҳо ба пешрафт асар мегузорад."
XS
SM
MD
LG