Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати нави ҲНИТ. Барномаи ҳисобшуда ва ё як навъ тактикаи сиёсӣ?


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар моҳи сентябри соли гузашта ба дунболи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ раиси ҲНИТ интихоб шуд, барои бори аввал дар нишасти саросарии аъзои ҳизбаш барномаи ҷадиди амалкарди худро эълон дошт. Ӯ гуфт, ҲНИТ бо ин ки шароити мусоидтари муборизаи сиёсӣ фароҳам шудааст, ба сурати ошкортар аз сиёсатҳои давлат интиқод хоҳад кард.

Аммо ин суханон дар чӣ заминаи қобили баррасӣ аст. Абдулло Раҳнамо, коршиноси маркази мутолеоти истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, бо ниҳодина ва устувор шудани сулҳ ва рушди фарҳанги сиёсӣ ин иқдом як қонунмандии табиист. Ачарчанд то ҷое ба мавқеъи шахси Кабирӣ низ бар мегардад. Ӯ афзуд, давлат низ бояд омодаи шунидани интиқодоти шадидтаре бошад.

Аммо Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази низоъшиносии Тоҷикистон мегӯяд, агарчанд бо суботи устувор ниёзмандиҳои иҷтимоии бештаре пеш меояд, аммо ин гуна изҳори назари раҳбари ҲНИТ гунае қаноат додан ба нируҳое, ки мехоҳанд бештар мустақил бошанд дар дохили ҳизб низ ҳаст.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Валиев, сарпарасти ҳизби демократии М. Искандаров бовар дорад, ин як иқдоми токтикӣ ба манзури боз гардонидани нуфузи аз дастрафтаи ҲНИТ баъди даргузашти бунёдгузор ва раҳбари пешини он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошад. Зеро, мегӯяд ӯ, ба ҳангоми зиндагии оғои Нурӣ ҳукумат рӯи ин ҳизб ҳисоб мекард, робита дошт ва имтиёз низ то ҷое қоил буд. Чизе феълан нест.

Аммо дар воқеъ ин иқдом чӣ пайомаде хоҳад дошт ва метавонад рӯи муодилаи сиёсии Тоҷикистон таъсиргузор воқеъ шавад? Доктор Искандаров мегӯяд, дар воқеъ бовар дорад, ки ҲНИТ дар ҳар сурат аз муқаррароти Қонуни асосӣ ва Қонуни аҳзоб фаротар нахоҳад рафт. Ва ин изҳорот мушкиле ба бор нахоҳад овард. Аммо агар аз ин муқаррарот фаро биравад, имкон дорад, ба вокуниш ва нигаронии давлат мувоҷеҳ шавад.

Вале Саймуддин Дӯстов, коршиноси умури сиёсӣ имкони ҳар гуна таъсири ин иқдомро дар саҳнаи сиёсӣ баъид медонад. Ӯ мегӯяд, ин танҳо як навъ изҳорот боқӣ хоҳад монд. Зеро ҲНИТ ресурси воқеъӣ барои иҷро кардани ин гуна сиёсати шадиди нақдгароёнаро надорад.

Аммо бархе дигар аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бояд интизор шуд ва дид, ки оғои Кабирӣ ва ҲНИТ то куҷо ба изҳороти худ ва барномае, ки ироа кардаанд, амал хоҳанд кард. Он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки ин як навъи тактик аст, ё дар воқеъ барномаи ҳисобшуда роҳбурдӣ.
XS
SM
MD
LG