Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 500 тонна моли бесифат дар Тоҷикистон


Оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар як соли гузашта 134 тонн орд, 137 тонн равған, 5,5 тонн маҳсулоти ширӣ, беш аз 180 тонн маҳсулоти гӯштӣ ва беш аз 8 тонн маводи алкоголии дохиливу хориҷии пастсифату тақаллубӣ аз бозори истеъмолии Тоҷикистон берун ва нобуд кардааст.


Давлаталӣ Ҳотамов, раиси оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар ин робита мисол меорад, ки ҳасибро пинҳонӣ дар шароите истеҳсол мекунанд, ки агар онро бинед, дигар ҳасиб намехӯред.


Ҷаноби Ҳотамов гуфт, яке аз мушкилоти аслӣ дар роҳи назорат аз болои амволи пастсифат камбуди ташхисгоҳҳои замонавӣ ва мутахассисони таҷрибадор дар соҳаи мазбур будааст. Давлаталӣ Ҳотамов бо изҳори таассуф ҳамчунин илова намуд, сабаби дигари афзоиши молу маводи камсифат дар бозорҳои кишвар ин аст, ки бархе аз кормандони оҷонсӣ аз соҳибкорон ришва меситонанд ва аз мушкилот чашм мепӯшанд. Ӯ гуфт, дар соли 2006 бо ин иттиҳом 14 корманди оҷонсиро, ки дар миёнашон роҳбарон низ, буданд, аз кор ронда шуданд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG