Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гармии ғайриоддии ҳаво дар Аврупо


Бар пояи пажӯҳишҳои маркази ҳавошиносии Бритониё соли 2007 гармтарин сол хоҳад буд.

Олимони Бритониё мегӯянд, ки сабаби гармшавии ҳарорати ҳаво парокандашавии газҳои муракаб ва Ел Нино мебошад. Дэвид Паркер, коршиноси маркази ҳавошиносии Бритониё мегӯяд, ки сабаби гармии ҳарорати ҳаво ҳодисаи шигифтангези Ел Ниниост. Ел Нинио дар фарҳанг ба маънии афзоиши гармшавии ғайриоддии қабати нафиси обҳои уқёнуси Ором маънидод шудааст. Аммо Дэвид Паркер мегӯяд:

«Ҳисобҳои мо комилан дуруст нестанд. Ин маънои онро дорад ки мо фақат 60 дар сад мутмаин ҳастем, ки ҳарорати ҳаво дар соли 2007 назар ба соли 1998 гармтар мешавад. »

Эҳтимоли гармтар шудани ҳарорати ҳаво ва тағйири иқлим имрӯзҳо мавзӯъи баҳси нафақат донишмандони ғарбист, балки дар маҳфилҳои илмии Русия низ мавриди баҳс қарор дорад. Зимистони гарми имсола низ ба сари худ ба оташи ин баҳсҳо доимо ба истилоҳ равған мерезад. Ба назари бархе аз коршиносон ва олимони Русия, сабаби аслии ин вазъият гармшавии саросарӣ дар сайёра аст, қисми дигари коршиносон мегӯянд, ки гармшавии ҳарорати ҳаво ин чизи табиист, ки ҳар сад сол ба вуҷуд меояд.

Юрий Израэл, раиси пажӯҳишгоҳи иқлим ва экологияи глобалӣ мегӯяд, ки вазъияти ғайриоддӣ на танҳо дар Русия, балки дар Аврупо ва Амрико низ ба вуҷуд омадааст.

«Пеш аз ҳама ҳавои гарм дар зимистон як падидаи бесобиқа нест. Дар садсолаҳои гузашта низ чунин обу ҳавои ғайриоддӣ мушоҳида шуда буд. Пушкин дар ёди шумо ҳаст, ки мегӯяд «табиат мунтазири зимистон буд. Барф борид дар шаби саввуми январ» Мо аллакай барф доштем. Ҳавои ғайриоддӣ дар қисмати аврупоии Русия дар тарафи Урал, умуман дар тамоми Аврупо ва ҳатто дар Амрико низ мушоҳида мешавад.»

Аммо Роман Вилфанд, раиси маркази ҳавошиносии Русия мегӯяд, ки ҳарорати ҳаво дар муддати 150 сол 0,6 ва 0,7 дараҷа боло мерафт, аммо дар 25 соли ахир бештар суръат гирифт аст:

«Дар 150 соли ахир чунин вазъи ғайриоддӣ мушоҳида нашуда буд, чуноне, ки мегӯянд, чунин обу ҳаворо ҳато пирон дар ёд надоранд. Вале мо бояд дар назар гирем, ки сайёраи мо чанд миллиард сол умр дидааст ва дар ин муддат дар сайёраи мо чунин ҳавои ғайриоддӣ мушоҳида шудааст.»

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар 100 соли наздик ҳарорати ҳаво дар сайёра аз 1,5 то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд, аммо олимоне ҳастанд, ки мегӯянд, ҳарорати ҳаво дар ин муддат метавонад ҳатто то 5 дараҷа гармтар шавад.

Валерий Краснов, профессори пажӯҳишгоҳи равоншиносии Русия мегӯяд, ки гармшавии сайёра ба инсон ҳеҷ зараре надорад:

«Инсон ба ҳама гуна тағйироти табиӣ одат мекунад ва ба инсон ҳеҷ садамаи ҷиддие нахоҳад расид»

СММ гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ ташкил кардааст, ки шомили он ҳазорҳо олимон ҳастанд. Ва ин гурӯҳ ба хулосае омадааст, ки ба гамшавии замин омилҳои табиӣ низ таъсир мерасонанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ҳамин гурӯҳ, ҳарорати ҳаво ба сабаби тавсеаи саноат ва истифода аз маводи сӯхте, ки муҷиби тавлиди гозҳои гулхонаӣ шудааст, низ боло меравад.

Дар соли 1992 бисёре аз кишварҳои дунё протоколи Киоторо имзо карданд. Аммо Амрикову Чин - ду қудрати бузурги иқтисодии ҷаҳон ба ин протокол то ҳол ҳамроҳ нашудаанд. Тибқи ин протокол, кишварҳои имзокарда бояд партови гозҳои гулхонаиро ба ҳаво коҳиш диҳанд. Иттиҳодияи Аврупо бар асоси стротежии нави энержиаш, ки ҳафтаи гузашта муаррифӣ кард, тааҳҳуд супурда, ки то соли 2020 партоби газҳои гулхонаиро 20 дарсад коҳиш медиҳад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, дар сурати мувофиқати ҳама кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон розӣ аст, ба фазо партоб кардани ин навъ газҳоро то соли 2020 ҳатто то 30 дарсад камтар кунад.
XS
SM
MD
LG