Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбари муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон


Раҳбари коллеҷи техникии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шудааст.


Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе гуфтааст, Раҳимҷон Саидов, раҳбари Коллеҷи техники Тоҷикистон ба ҳини гирифтани пора ба маблағи 300 сомонӣ, чизе камтар аз 100 доллар аз масъули ошхонае, ки дар ҳудуди коллеҷ фаъолият мекардааст, боздошт шудааст.


Раҳимҷон Саидов аз соли 2005 раҳбарии коллеҷро бар дӯш доштааст ва номзади илмҳои фаннӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин дорои ҷоизаи олии давлатӣ - нишони Исмоили Сомонӣ будааст.
XS
SM
MD
LG