Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи озодии иқтисодӣ дар Тоҷикистон -- 70%


Бунёди мерос ва рӯзномаи "Уолл Стрит Ҷорнал" гузориши муштараки худ доир ба мизони озодии иқтисод дар кишварҳои дунёро нашр кардаанд.Мувофиқи ин гузориш, ки ба тартиби феҳрастӣ ба нашр расидаааст, Тоҷикистон аз назари шохиси озодии иқтисод миёни кишварҳои мухталиф дар зинаи 98 қарор гирифтааст.


Таҳияи феҳрасти мазкур бо назардошти 10 меъёр, аз ҷумла мизони озодии моликият, рушди соҳибкориву тиҷорат, озодии кор ва ҳамчунин озодии иқтисод аз фасодкорӣ сурат мегирад. Бар асоси баровард ва феҳрасти интишор додаи Бунёди мерос ва рӯзномаи "Уолл Стрит Ҷорнал" Тоҷикистон дар муқоиса бо чанд кишвари собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Узбакистон, Озарбойҷон ва Туркманистону Русия болотар ҷой гирифтааст.


Тибқи таҳқиқи муштараки Бунёди Мерос ва "Уол Стрит Ҷорнал" иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 70 дар сад озод аст, вале аз назари фасодкорӣ танҳо 21 дар сад аз ин падида раҳо будааст.
XS
SM
MD
LG