Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва раҳоии муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон


Алма-Ато

Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ боздошт шуда буданд, баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ қашида шудан дубора сафари хешро ба сӯи Русия идома додаанд. Тавре Қанат Касенов -- корманди дафтари матбуоти идораи пулиси вилоят дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар автобусе, ки сӯи Русия ҳаракат дошт, 75 муҳоҷири тоҷик ва яқкмуҳоҷири узбак, аз ҷумла 12 кӯдаки ноболиғ буданд, ки яке аз онҳо ҳамагӣ 5 сол дошт."

Оқои Қасенов афзуд, тавре муҳоҷирон ба кормандони пулис изҳор кардаанд, онҳо марзи Қазоқистонро дар посгоҳи Сариоғоҷ бо роҳҳои ғайриқонунӣ пиёда убур кардаанд. Онҳоро дар остони Қазоқистони ҷанубӣ автобусе интизор будааст. Ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуоти вилояти Қазоқистони Шимолӣ, муҳоҷирон ҳангоми убури посгоҳҳо ғолибан, ба истилоҳ, аз роҳҳои "дуздӣ" истифода кардаанд ва дар яке аз чунин кӯшишҳо дар масири Петропавловск - Ҷезқозған автобус нимишабӣ дар барфтеппаи баланд дармемонад. Ба ҷои ҳодиса кормандони пулиси роҳ ва муҳоҷират расида, ба онон кӯмак менамоянд ва баъди тафтиши аснод муҳоҷиронро ба идораи пулиси ноҳияи Қизилҷар мебаранд. Чун муҳоҷирон марзро ғайриқонунӣ убур карда буданд, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Сипас муҳоҷирон роҳи хешро сӯи шаҳри Ирқутсқи Русия идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG