Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли бедавлатӣ, парешонӣ ва охирин умед


НАВИШТАҲОИ ШУМО

Ва имрӯз, барномаи аввали ин силсиларо пешкаш мекунем, ки ба соли сарнавиштсози 1994 бахшида шудааст. Аҳамияти ин сол дар таърихи навтарини Тоҷикистонро хонандагони сомонаи интернетии радиои Озодӣ дар номаҳои худ зикр карданд, ки аз ин номаҳо нақл низ хоҳем кард. Вале мақсади асосӣ ин хоҳад буд, ки бубинем, оё гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1994 дар чи фазое шурӯъ шуданд ва соли 1994 чи омилҳоеро ба вуҷуд овард, ки дар оянда ба ҷараёни музокирот таъсир гузошт.

Вақте дар сомонаи интернетии радиои Озодӣ пурсише пайдо шуд, ки оё ба рӯйдодҳои соли 1994 чи назар доред, яке аз мубоҳисон навишт, набояд, он давраҳоро ба ёд овард ва захмҳоро дубора боз кард. Аммо муаллифи дигар навишт, баракс бояд он давраҳоро амиқан омӯхт, то иштибоҳҳои гузаштаро такрор накунем ва дубора ба чунин бало гирифтор нашавем. Ва як нафари дигар навишт, таърих омӯзгор аст. Беҳдуа нест, ҳатто дар Қурони карим аз зиндагии пешиниён зиёд нақл мешавад. Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст, ки ҳар кас агар аз таҷрибаи рӯзгор баҳра нагирифт, аз ҳеч омӯзгор илме нахоҳад андӯхт.

ЧАРО 1994?

Соли 1994 аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳи моро ба худ кашидааст, ки дар моҳи апрели он сол гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз шуд ва эълони оташбаси муваққат роҳро ба сулҳу оромӣ дар кишвар боз кард. Дар ин сол буд, ки аз ҳамлаҳои густардаи мухолифони тоҷик марзбонони рус дар сарҳади Афғонистон кушта мешуданд ва дар ҳамин сол буд, ки Тавилдара ба пойгоҳи ҳарбии оппозисюн табдил ёфт.
Аммо 1994-ро ҳамчунин соли хазон шудани пули рубл, авҷи бӯҳрони иқтисодӣ, соли қаҳтию гуруснагӣ ва навбатҳои дарози дарёфти нон, соли гум шудани бовари мардум ба оянда низ номидаанд.
Оғози гуфтушунидҳо дар ин пасманзари тира ба акси, бигзор ҳатто қоғазии, барги сабзе табдил ёфт, ки бемори лоилоҷро аз марг наҷот дод.

СОЗМОНИ МИЛАЛ

Ҳамаи ин вазъиятро кишварҳои ҳамсоя ва дур ва Созмони Милали Муттаҳид, хуллас, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо диққат дубмол мекарданд ва дар соли 1994 бори чандум буд, ки вазирони умури хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо изофаи Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд, то ҳукумати Тоҷикистонро водор ба гуфтугӯ бо мухолифонаш кунанд.
Тирамоҳи соли гузашта дар як мулоқот бо Владимир Горяев, ки аз оғоз то анҷом ёвари намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар сулҳи Тоҷикистон буд, пурсидам, вале чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ то апрели соли 1994 натавонист, тарафҳои даргирро паси мизи гуфтугӯ биншонад. "Ман ба чунин шарҳ розӣ нестам, ки Созмони Милали Муттаҳид аз пойизи 1992 вазъиятро дар Тоҷикистон думбол кард, вале танҳо дар соли 1994 вориди фаъолияти амалӣ гашт. Албатта Созмони Милал натавонист, пеш аз низоъ нақш бозад, вале дар айни бӯҳрон вориди кор шуд ва сабаби нофаҳмоӣ ин буд, ки дар ҳоле ки раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров аз минбари Созмони Милал мегуфт, танҳо дар панҷ дарсади ин кишвар нооромӣ мавҷуд аст. Созмони Милал маҷбур шуд, ду ҳайъати пайиҳам бифиристад, то авзоъро аз наздик биомӯзад. Вале дар он марҳила мо муваффақ шудем, аз бурузи низоъи байниқавмӣ, миёни тоҷикон ва ӯзбакҳои Тоҷикистон пешгирӣ кунем, ки метавонист, як низоъи минтақавӣ гардад ва сипас, шумо дуруст мегӯед, дар охирҳои соли 1993 Дабири кулл намояндаи вижаи худро таъин кард ва соли баъдаш тарафҳоро ба гуфтушунид кашонид. Омилҳои зиёде буд, ки комёбии ин гуфтушунидро таъмин карданд, аммо мудохилаи Созмони Милал дар пайи муносиб яке аз онҳост."

МАЙЛ БА ДИДОР

Созмони Милали Муттаҳид ва Русия аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекарданд, имкониятҳои гуфтушунид бо мухолифонро баррасӣ кунад. Эрон ба мухолифон айни чизро талқин мекард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Афғонистон бо раҳбари мухолифин, равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тарҳи сулҳро мекашиданд, вале ҳамзамон, ба гуфтаи худи устод Нурӣ, фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд ва раисиҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ низ бо устод Нурӣ масъалаи майл ба гуфтушунидро дар миён мегузоштанд. Ин дар ҳоле буд, ки дар Афғонистон ҷанги байни аҳзоби муҷоҳид идома дошт ва дар Қандаҳор Толибон сар бардошта буданд.

ҒАРМ ВА ҚӮРҒОНТЕППА

Моҳи майи соли 1994 дар ҳоле ки дар манотиқи шарқии Тоҷикистон ҷанг идома дошт, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳияи Ғарм сафар кард. Бо вуҷуди он ки ташкилкунандагони ин сафар талоши зиёд карданд, то сардори давлат танҳо хушиҳоро бубинад, ҷангу нооромӣ бештар ба ҳамин минтақа кӯчида буд ва дар саҳнаҳои қаблии ҷанг, дар Қӯрғонтеппа, як оромии нисбӣ таҳти фармони сарҳанги артиши ҳукумат Маҳмуд Худойбердиев барқарор гашта буд. Ҳазорон нафар аз бошандагони ин вилоят ба кӯҳистон паноҳ бурда буданд.

Аз собиқ раиси ҳукумати собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, Нуралӣ Қурбонов пурсидам, оё дар он рӯзҳо вазъу рӯҳияи мардум чигуна буд: "Мардуми мо ба он чӣ ки бо чашмаш медид, бовар намекард, аслан интизори инро надошт, ки рӯзе аз дасти фарзанди падари худаш ба қатл мерасад. Тарсу ҳарос ҳоким буд. Тоҷик наметавонист дар ватани худаш озодона қадам занад. Давлат фурӯ рафта буд ва аз он ҷо ки Ҳукумати Тоҷикистон натавонист, вазифаи конститутционии худро дар ҳимояи ҷону молу мардумаш иҷро кунад, маен ба натиҷае расидам, ки намояндаи ин ҳукумат буданам, гуноҳи азим аст ва аз мақомам истеъфо додам."

ХУҶАНД

Дар шимоли Тоҷикистон вазъият нисбатан ва бештар зоҳиран ором буд, ҳарчанд вазъи зиндагии мардум аз Душанбе кам фарқ мекард. Ин минтақа акнун мебоист одат кунад, ки сарварии мамлакат дигар дасти намояндаи он нест, мисли он ки даҳсолае ройиҷ гашта буд. Вазъияти нави иҷтимоӣ падидае наверо ба вуҷуд овард, ки детар ба ҳамаи шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон паҳн гашт ва дар оянда миллионҳо нафарро ба гирдоби худ кашид. Соли 1994 аввалин афроде аз шимоли Тоҷикистон дар пайи кору даромад ба Русия ва дигар кишварҳо муҳоҷир шуданд.

ТАВИЛДАРА

Бо ишғоли Тавилдара Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин аломат медод, ки фишори ҳарбии худро идома медиҳад. Вазъ дар Афғонистон ҳамоно муташанниҷ ва кӯмакҳои Русия ба Тоҷикистон нокифоя. Дар ин байн ҳукумат таҳия шудани тарҳи нави қонуни асосӣ ва омодагиҳо ба интихоботи президентиро эълон кард. Оташбасе ки дар нишастҳои Теҳрон ба даст омад, дигар кофӣ набуд. Мухолифон рефрендуми қонуни асосӣ ва интихоботи президентиро, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов дар он вориди сабқат шуданд, ғайриқонун эълон карда, аз ширкат дар онҳо даст кашид.

ЖУРНАЛИСТОН

Дар соли 1994 садҳо нафар дар оташи ҷанги хонумонсӯз ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла журналистони тоҷик Олимҷон Абдулов (16 майи соли 1994), хабарнигори "Ҷумҳурият" Хушвақти Ҳайдаршо (18 майи соли 1994), Давлаталӣ Раҳмоналиев мудири барномаҳои телевизиони давлатӣ (18 августи соли 1994) ва Ҳомидҷон Ҳокимов, корманди нашрияи ӯзбакзабони "Ҳақ сӯз" (17 ноябри соли 1994). Дареғи онҳо ва ҳамаи қурбониёни дигар.
XS
SM
MD
LG