Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни ҳаҷву танз


Латифа аз китоби "Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ"-и Шакурӣ:

Дар ибтидои солҳои шуравӣ адабиётро содда мекарданд ва шеърҳои хасакӣ ба он роҳ меёфт, ки аз ҷумла:

Ленин бобоҷон мурдеду рафтед,
Мо кашшофонро мондеду рафтед.

Аҷабо! Чӣ кор ҳам мекард? Магар шуморо низ мебурд?(Кашшоф ба маънои пионер)
И.С.

---------------------------------------

Салом, кормандони Радиои Озодӣ!
Ман аз ин иқдоми пешгирифтаи Шумо хеле шод гаштам чунки ман ҳам шӯхӣ карданро хел дӯст медорам ва то имрӯз пайваста аз сайти Шумо хабару навигарихои рӯзро мутолиа менамоям! Аз ҷумла хондани ин ҳазлу мутоибаҳоро меписандам. Хоҳишмандам, ки ин гуна сайтҳо бештар шаванду табъи моро хуш намоянд.

Бо эҳтиром
Фарзона Ҳодибоева, сокини ш.Хуҷанд
---------------------------------------

Як мард мурғи ҳамсояро медуздад, лаби дарё меравад ва сар задаву пар меканад. Ин вақт аз қазо соҳиби мурғ, ки раҳгузар будааст, пайдо мешавад. Мард аз тарс мурғро даруни об мепартояд. Ҳамсояаш мепурсад, ки чӣ кор мекунӣ ин ҷо. Мегӯяд:
-- Ҳиччӣ, мурғ овбозӣ дорад, либосҳояшро қапидам.

Ғариб
--------------------------------------

Салом.

Аз як нафар мепурсанд, ки агар ҳамаи дунё, яъне кураи Заминро ба ту бидиҳанд, чӣ кор мекунӣ?
Мегӯяд: Ҳамаша мефурӯшаму доллар карда, меравам Америка.

Алӣ
--------------------------------------

Дуруд бар Шумо!
Ман танҳо як латифа менависам:

Рузи дави олимпӣ. Тамоми президентҳои кишварҳои ҷаҳон бо сардории Кофи Аннон, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид медаванд. Аз ҷиҳати пиронсолӣ Кофи Аннон ва аз ҷиҳати пурвазнӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар қафо; аз ҷиҳати сабуквазнию чаққонӣ Владимир Путин дар сафи пеш ва дигарон дар сафи байн қарор доштанд. Ногоҳ, Кофи Аннон ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, ба сафи пеш мегузарад ва мехоҳад Путинро "ба як нул" занад. Путин ҳайрон мешавад ва мепурсад: "Кофи, чаро ту ин қадар тез медавӣ? Магар ягон гап шуд, ё ту мани варзишгарро шарманда карданӣ ҳастӣ?". Кофи чунин посух медиҳад: "Ту ҳам тезтар дав, ки Президенти Тоҷикистон қарз пурсида истодааст"...
Амирҷони Олимхон
----------------------------------------

Саломе чу буйи хуши ошноӣ
Барои мардуми дида бар равшаноӣ.

Яке аз хонандагон ва дустдорони сайти Озодӣ ҳастам.
Ба ҳамаи шумо масъулин ва коргузорони ин барномаи хуб ва ҷаззоб ташаккури худро баён менамоям. Хеле хушҳолам аз ин ки дар ин саҳифаи интернетӣ чунин барномаеро пешкаши хонандагон намудаед.
Сипосгузорам аз диққати шумо, устодони донишманд!
Бо эҳтиром
Диловар, шаҳри Хуҷанд
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG