Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордоди дӯстиву ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин


Дар Пекин Тоҷикистону Чин қарордоди дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷавориро ба имзо расониданд. Имрӯз дар Пекин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао мулоқот кард.


Баъди мулоқот дар бинои Маҷлисҳои мардумии Чин раҳбарони Тоҷикистону Чин қарордоди дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷавориро имзо карданд. Ҳамчунин ҳайъатҳои расмии ду кишвар созишҳо дар масъалаҳои ҳамкории техникиву иқтисодӣ, рафтуомади ҳавоии миёни ду кишвар, ҳамкории Бонки рушди Чин бо Бонки миллии Тоҷикистон, протокол ва созиш дар масъалаи маорифро имзо кардаанд. Чин зимнан ӯҳдадор шудааст, ки хадамоти гумруки Тоҷикистонро бо таҷҳизот таъмин намояд.


Рӯзи сешанбе дар Пекин анҷуман ё форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин барпо мешавад, ки дар он соҳибкорони Чин бо имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно хоҳанд шуд. Сафари расмии ҳайъати давлатии Тоҷикистон таҳти раҳбарии президент Раҳмонов ба Чин то поёни ин ҳафта идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG