Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадафҳои сафари Кондолиза Райс ба Ховари Миёна


Ба Кондолиза Райс, вазири умури хориҷии Амрико, муяссар гашт, ризоияти сарвазири Исроил Эҳуд Олмурт ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббосро ба як мулоқоти сеҷониба ба даст орад. Акнун Райс сафарашро дар кишварҳои дигари араб, Миср, Кувайт, Арабистони Саъудӣ идома медиҳад.

Коршиносон мегӯянд, силсиласафари Райс бештар ба Ироқ бастагӣ дорад, то ба Ховари Миёна. Бисёре аз давлатҳои арабӣ гуфтаанд, ба ҳалли мушкили Ироқ дар ҳоле кӯмак хоҳанд кард, ки Иёлоти Муттаҳида пешрафтеро дар ҳалли мушкили Ховари Миёна ба вуҷуд орад.

Худи Райс рӯзи якшанбе дар Ромуллоҳ гуфт, чунин даъватҳоро пазируфтааст. Вай мегӯяд, "даъватҳои дастандаркории амиқтари Амрикоро дар фарояндҳои минтақа ба таври возеҳу рӯшан шунидааст ва кишвараш мутлақан пойбанди ҳаллест, ки исроиливу фаластиниҳо битавонанд дар сулҳу амният ба сар баранд ва низоми мардумсолорона дошта бошанд."

Райс гуфт, Амрико ҳамчунин ба тарҳи сулҳи мавсум ба Харитаи роҳ пойбанд аст, ки ҳоло дар бумбаст қарор дорад. Вай даъват кард, ҳаракат дар ин самт бо таъсиси давлати Фаластин дар чаҳорчӯби марзҳои муваққатӣ шурӯъ шавад. Даъвати ӯ аз исроилиҳо ин буд, ки аз баҳи бунёди шаҳраки нави муҳоҷирони яҳудӣ дар Каронаи Ғарбӣ гузаранд.

Вале раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос пешниҳоди марзҳои муваққатро рад кард ва исроилиҳо дар баробари даъватҳои Райс гӯши худро ба карӣ заданд. Дар ин байн танҳо ваъдаи мулоқоти сеҷонибаи Исроил, фаластиниҳо ва Иёлоти муттаҳида ва он ҳам бо натиҷаҳои номаълум нақде хоҳад буд, ки Райс ба рӯйи мизи сарони араб гузошт.

Сафари Райс дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Вошингтон мехоҳад, аз барномаи нави худ дар Ироқ пуштибонӣ кунад. Бо вуҷуди мухолифатҳои афзоянда дар Конгресси Амрико, президент Ҷорҷ Даблю Буш гуфтааст, ба Ироқ нирӯи изофагӣ хоҳад фиристод. Ва дар ҳоле ки Амрико бо Эрон вориди марҳилаи нави бӯҳрони равобит мешавад. Ва Эрон мехоҳад, бо Арабистони Саъудӣ дар масъалаи Ироқ ба созиш расад.

Аммо дар мулоқот бо вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари араб дар Кувайт, Райс инчунин маҷбур аст, ба нигаронии онҳо аз афзоиши нуфузи шиъаҳо дар хатти Эрон, Ироқ, Сурия ва Лубнон посух диҳад. Аллакай дар Уммон, подшоҳи Урдун Абдуллоҳ ҳушдор додааст, ки агар суннимазҳабони Ироқ ба идораи давлат ҷалб нашаванд, тарҳи оштии миллӣ дар ин кишвар шикаст хоҳад хӯрд.

Ба ҳар тартиб, онгуна ки рӯзномаи давлатии "Ал-Аҳром"-и Миср менависад, сафари Райс ба минтақа як ҷумбиши тозаеро дар ин ҷо ба бор хоҳад овард, ҳарчанд маълум нест, оё ин ҳаракат равандҳои қоимшударо таконе хоҳад ё на. Дастикам, менависад таҳлилгари "Ал-Аҳром", "Райс ба фаластиниҳо тазминҳоеро хоҳад дод, ки онҳо аз Вашингтон интизоранд ва танҳо Вашингтон аст, ки метавонад чунин тазминҳоро бидиҳад."
XS
SM
MD
LG