Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари бозорҳои Русия имрӯз кор накарданд


Абдумуталиб Шарифов, райиси созмони тоҷикони Красноярск мегӯяд, рӯзи 15-уми январ ҳазорҳо фурӯшандаи тоҷик дар ин шаҳр дуконҳои худро боз накарданд ва дар маҷмӯъ дар тамоми шаҳр ҳеч бозоре кор намекард. Ба гуфтаи вай, дар Красноярск наздик ба 20 000 муҳоҷири тоҷик ба сар бурда, ҳудудан 60%-и онон дар бозор кор мекунад. Онҳое ҳам ки шаҳрвандии Русияро доранд, рузи душанбе ҷуръати ба бозор баромадан накарданд. Дар шаҳри Владивосток низ 15-уми январ бозорҳо баста буданд.


Муҳоҷири тоҷик Дилшоди Сайид, ки дар бозори маводи бинокории ноҳияи Митишии вилояти Маскав кор мекунад, мегӯяд, сиёсати нави муҳоҷиратии Русия бо фасодкорӣ шурӯъ гардид. Вай гуфт, маъмурони бозор аз ҳар фурӯшанда барои иҷозати кор 12 000 рубл, муъодили 400 доллар гирифтанд, дар ҳоле ки тибқи қонуни нави Русия, ин санад ройгон аст. Аз созмони тоҷикони муқими Санкт-Петербург хабар доданд,ки бозорҳо рӯзи душанбе кор мекарданд, вале тафтишот идома дорад.


Аз бозор берун андохтани хориҷиёнро райиси Пажуҳишгоҳи мардумшиносии Русия Валерий Тишков ғайриқонунӣ номид ва муҳофизи ҳуқуқи инсон Владимир Лукин низ гуфтааст, ки ин тадбирҳо хилофи Сарқонуни Русия мебошанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG