Пайвандҳои дастрасӣ

Тафсилоти эъдоми ду шарики Саддом Ҳусейн


Дар ваҳшатноктарин пайти эъдом сари Барзан аз танаш канда шуд. Мушовири сарвазири Ироқ Бассом Ризо имрӯз дар нишасти хабарӣ, инро як амри худо номид: "Ин ҷо ҳодисае рӯй дод, ки сари Барзан аз танаш ҷудо шуд. Чунин ҳодисаҳо кам иттифоқ меафтад, вале афтод ва ин хости худо буд. Вагарна, назми ҳодиса одатӣ буд."

Ризо гуфт, ҷасади Барзан ва Бандар ба зудӣ ба пайвандони онҳо дода хоҳад шуд.

Додгоҳи вижа рӯзи панҷуми ноябри соли гузашта Барзан ва Бандарро ҳамроҳ бо президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ба қатл маҳкум карда буд. Иҷрои ҳукми Саддом дар 30-юми декабр ва нашри навори видеоие, ки бо телефони ҳамроҳ гирифта шуд, танқидҳои зиёдеро ба думбол дошт. Аз навор маълум мешуд, ки Саддом дар охирин лаҳзаҳои умраш ҳадафи таънаву таҳқир қарор ёфтааст.

Ризо гуфт, ин дафъа чизе монанди ин ба амал наомад: "Эъдом ин бор ба шеваи дуруст анҷом дода шуд. Ягон таҳқир ё пархош ва ё бадрафторӣ дида нашудааст."

Барзан ва Бандар дар иҷрои дастурҳои Саддом бераҳмӣ нишон медоданд. Барзан дар солҳои 80-ум раиси Мухобирот ё хадамоти ҷосусӣ буд ва мардум аз ӯ бисёр метарсиданд. Шоҳидон гуфтаанд, боре ӯ шиканҷаи боздоштшудагонро дар ҳоле тамошо мекард, ки аз лаълии пур ангур мехӯрд.

Бандар, раиси собиқи Додгоҳи инқилоб, ба он айбдор шуд, 148 сокини деҳаи Дуҷейлро барои он ки дар ин русто ба Саддом сӯйиқасд сурат гирифт ба қатл маҳкум кард. Вай ҳукми додгоҳро нисбати худ қабул накард ва гуфт, кишвараш дар ҳоли ҷанг буд ва ӯ вазифаи худро ба анҷом мерасонд.

Президенти Ироқ, Ҷалоли Талабонӣ ҳафтаи гузашта гуфта буд, бояд иҷрои ҳукми қатл Барзан ва Бандар ба таъвиқ гузошта шавад. Раиси Кумисюни Аврупо Хосэ Мануэл Бароссо ва сарвазири Итолиё Романо Проди иҷрои ҳукмро маҳкум карданд ва гуфтанд, куллан ба ҳукми қатл мухолифанд.
XS
SM
MD
LG