Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии тими олимпии Тоҷикистон ба бозиҳои интихобӣ


Дар ин бора Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии ҷадиди тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд: «Дар айни ҳол дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 24 бозигари ҷавони 20-21-сола аз бошгоҳҳои футболи кишвар - « Вахш» -и Қӯрғонтеппа, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Ориёно»-и Душанбе тамрин мекунанд. Марҳалаи дуввуми омодагиҳо ба бозиҳои интихобии олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Мо рӯзи 26 январ ба маркази вилояти Суғд сафар мекунем.»

Ба гуфтаи сармураббии тими олимпии Тоҷикистон дастаи ҳариф - мунтахаби олимпии Узбакистон дар айни ҳол дар Туркия омодагӣ мегирад.

Бозии аввали мусобиқоти интихобии олимпӣ байни тимҳои Узбакистон ва Тоҷикистон 7 феврал дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд ва бозии ҷавобӣ 14 феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

Боз 18 дастаи дигари олимпии кишварҳои қораи Осиё барои роҳ ёфтан ба марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти олимпӣ, ки аз 28 феврал то 6 июни соли 2007 бо ширкати 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор мешавад, рақобат мекунанд. Ғолиби ҷуфти Узбакистон ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Куриёи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ё Фаластин зӯрозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG