Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи грипп ба Тоҷикистон


Шабаҳе, ки дар Тоҷикистон мегардад, шабаҳи зуком аст, ки пайваста тараққӣ карда, фарогиртар мегардад.

Ҳамакнун, масъулин бонги изтироб мезананд ва мардумро аз фарогиршавии грипп ҳушдор медиҳанд. Ҷаъфар Наврӯзов мутахассиси вогиршиноси Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, зукоми навбатӣ гриппи мавсимист, ки табибон онро интизор будаанд.

Ва аммо дар мавриде, ки зуком ба ҳама хонаводаҳо сар мехалонад, макотиб карантин ё дар ҳоли инзивоъ қарор нагирифтаанд. Оқои Наврӯзов мегӯяд, бо ин сабаб, ки атфол дар таътили замистона қарор доштаанд, мадрасаҳо баста нашудаанд ва грипп фарогиртар нашудааст. Ҳамакнун, ки таҳсил шурӯъ шуд, хатари ба эпидемия табдил ёфтани зуком меафзояд ва шояд макотиб баста ҳам гарданд.

Мижгона Исроилова, табиби як табобатхонаи шаҳри Душанеб ба Радиои Озодӣ гуфт, мардуми зиёд, ки мубтало ба зуком будаанд, ҳамарӯза ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд. Хонум Мижгона афзуд, дар баробари истифода аз дорувори маъмулӣ одамон барои ҳифзи сиҳҳат аз тибби мардумӣ ҳам бояд кор бигиранд.

Ин дар мавридест, ки бонувони тоҷик тақрибан танҳо бо ҳамин усул, бо сирпиёзу сипанду аҷик ва атолаҳои мухталиф кӯдакони худро шифо мебахшанд.

Вале маризон мегӯянд, зукоми ахирӣ хеле сангин аст, ки дар тӯли рӯзҳои тӯлонӣ марду занро аз по фигандааст.

Ин муруре буд ба вазъи зуком дар Душанбе - пойтахти кишвар. Ба ҳамин тартиб, грипп дар минтақаи ҷанубу шарқ низ фарогир мегардад. Ва танҳо таъкид карданием: «Худро аз зуком эҳтиёт кунед!» Ва аммо чигуна? Табибон мегӯянд, ҳавои хонаро зиёд гарм накунед ва тирезаҳоро кушоед. Аммо дар шароите ки барқу газ нест, бухориҳо кор намекунанд ва сохтори гармигузаронӣ фалаҷ шудааст ва хонаҳо дар бархе маврид сардтар аз ҳавои кӯчаанд,......... беҳтараш ин корро накунед.
XS
SM
MD
LG