Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари президенти Тоҷикистон ба Чин оғоз ёфт


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмии шашрӯза вориди Пекин, пойтахти Ҷумҳурии халқии Чин шуд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари ӯ миёни Тоҷикистон ва Чин паймони некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддат ба имзо хоҳад расид.


Ҳамчунин, тибқи барнома, қарор аст, ду тараф қарордодҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расонанд ва дар бобати боз кардани роҳи ҳавoӣ миёни ду кишвар ва густариши ҳамкориҳо дар риштаи мактабу маъориф тасмимҳои дарозмуддат бигиранд.


Дар ду соли охир Чин аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон як ҷойгоҳи асосӣ касб кард, аз ҷумла бунёди нақбу шоҳроҳ ва хатҳои барқ, бозсохти нирӯгоҳҳои барқи обӣ, пажӯҳиши захираҳои табиъӣ ва ғайра. Ду кишвар инчунин дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай муносибатҳои наздик доранд. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар аз 300 миллион доллар убур карда, сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон ба 720 миллион доллар расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG