Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳукми қонуни нави муҳоҷират дар Русия


Шурӯъ аз имрӯз (15 январ) дар Русия қонуни нави муҳоҷират ва Қонуни ҳузури хориҷиён дар ин кишвар ба марҳилаи иҷро даромад.


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин қонун тартиби сабти номи муҳоҷиринро осонтар мекунад. Вале ҳомиёни ҳуқуқ ва худи муҳоҷирин мегӯянд, ки қонуни нав ҳузури муҳоҷирон дар Русияро мушкилтар ва муқаррароти вуруд ба ин кишварро сахттар месозад.


Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти Федероли Муҳоҷирати Русия, бояд ҳар кордиҳанда доир ба вуруди муҳоҷир ба қаламрави Русия ба хадамоти муҳоҷират хабар диҳад ва дар зарфи даҳ рӯз ба он муҳоҷир ё иҷозаи кор дода мешавад.


Русия хонаи беш аз 400 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ва мегӯянд, ки аксарияти онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG