Пайвандҳои дастрасӣ

Кондолиза Райс дар Ховари Миёна


Имруз Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон ба таври ҷиддӣ таъаҳҳуд супурдааст, ки роҳҳои ҳалли ҳар чӣ зудтари сулҳи Ховари Миёнаро пайдо кунад. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар Ромаллоҳ баён дошт.


Раҳбари Фаластин бори дигар таҳдид кард, ки агар ҷунбиши Ҳамос натавонад ҳукумати воҳид ташкил кунад, дар Фаластин интихоботи ҷадид баргузор хоҳад шуд. Моҳи гузашта, вақте, ки Маҳмуд Аббос бори нахуст ин тақозоро ба миён гузошт, дар Фаластин задухрдҳои ҷиноҳӣ ба амал омад.


Хонум Райс гуфт, аз мавзеъгирии Маҳмуд Аббос ҷонибдорӣ мекунад. Қарор аст боздиди хонум Райс аз Аммон идома ёбад ва вай дар он ҷо бо Абдуллоҳ - шоҳи Урдун мулоқот кунад. Дар ин силсила Райс ба Кувайт ва Арабистони Саъудӣ низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG